Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соате пас мо бо он бозёфт боз ба прокуратура омадем ва Сулҳия Муродовна қариб, ки бе тафовут риштаи суханро ба даст гирифт. Эшонова бо нишондоди худ қариб, ки тағйиротеро ба нишондоди Ҳусайни Абдул ворид насохт. Шояд онҳо пештар сари ин масъала гуфтугӯ карда буданд, ё ба хотири тағояш почаки Аликро нагирифт. Ӯ ҳатто ба номи Офаридгор қасам хурд дар бораи он ки тағояш аз Норматов қарзидор аст хабар надорад, вале гуфт, ки ҳамон бори ба амонат гирифтаашро аз беэҳтиётӣ гум намуда будааст ва акнун ба хулосае омадааст, ки ин амал кори дасти кӣ будааст. Ӯ дар гум шудани бор Салим Ворисро гунаҳкор намуд, чунки борро барои нигаҳдорӣ ба вай вобаст карда буд. Салим борро пинҳон карда будаасту ман бехабар.

Ту неки мекунӣ ба Даҷла андоз,
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз.

Салим Ворис аз муҳаббат ба ман ҳарф зада, ба амонати дар дасти ман буда хиёнат кард ва бо ин васила маро ба коми оташ ҳаво дод. Шабҳое, ки бо ман буд, аз муҳаббати пок ҳарф мезад бехабар аз он ки ман гоҳу ногоҳ бистари мардеро, ки ба амонаташ хиёнат намудам гарм мекунам.
Кор ба ҷойе расид, ки ӯ бандаро чун маҳбубааш ба модари угаям муаррифӣ кардан хост. Ман хело баъд фаҳмидам, ки собиқ модари угайи ман кафшҳои вайро пеши по монданӣ шудааст. Шояд раис бо ин васила мехост худро ба Анори Зокир нишон диҳад, ки бубин чунинашро ёфтаам, ки ту ба хоки пояш намеарзӣ. Бояд маро фаҳмед, ки ман хоҳиши вайро рад кардан наметавонистам, чунки ӯ сирри бандаро дар пеши Салим ифшо мекард ва ман рӯйи роҳ мемондам.
Ҳамон рӯзи пайшанбе ӯ ба ман занг зада, вақти вохӯриро таъин намуда худаш ба алоқа нуқта гузошт. Дар ин ҷода ӯ марди якрав буд ва ман ҳар қадар кушидам бо вай дигар алоқа барқарор карда натавонистам.

пешина
аз 515
навбатӣ