Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт

Ин китоб аз аввал то ба охир мавҷи андешаҳо ва тахаюлоти муаллиф аст. Албатта дар китоб баъзе ҳолатҳои ҳақиқии рўзгори мо аз таҷрибаи кории муаллиф-ҳуқуқшинос собиқ корманди милиса ва ҳампешагони ў аз мақомотҳои тафтишотии кишвар ба риштаи тасвир кашида шудааст. Ҷои ҳодиса, макони амал ва персонажҳои асар низ бофтаи тахаюлоти муаллиф мебошад.
Мувофиқ омадани ҷои ҳодиса, макони амал ва ному насаби нафаре, ки дар он ҷо кор ва ё зиндагӣ мекунад тасодуфист.
Ҳуқуқи муаллиф дар зери ҳимояи қонун аст. Ягон қисматеро аз ин китоб таҷдид ва истифода бурдан дар кадом шакл, дар кадом навъе набошад, аз ҷумла нусхаи чопӣ, овозӣ ва шакли видеоӣ бе рухсати муаллиф манъ аст. Ҳама гуна вайронкунии қонун боиси дунболгирӣ ва тартиби дидани он дар суд мегардад.
Мушкилоти дар зиндагӣ пешорўи инсон омада, сангҳои рўи роҳ афтодаро монад. Бо гирифтани сангҳо аз рўи роҳ мушкилот ҳам бартартараф хоҳад шуд. Маҳз чунин ҳолатҳое, ки эҳсосоти ҳонандаро ба ангезиш оварад дар романҳои нави Шарифбек Азизӣ «Рўзгор оинаро…» ва «Сангҳои сари роҳ» хело ҷолиб ба риштаи тасвир кашида шудааст.

РЎЗГОР ОИНАРО…
Масъули бахши иҷтимоии рўзномаи «Айём» Маъруф Остон сари мизи корӣ зери фаввораи дуд монда буд. Соате пештар ҳамсараш Ҷамила аз Москва занг зада хабар дод, ки маблағи зарурӣ пурра ба суратҳисоби беморхона гузаштааст.
Муддати ҳашт сол Маъруф Остон бо гурўҳҳои криминалӣ мубориза бурд, бехабар аз он ки рўзе мерасаду ба ёрии онҳо муҳтоҷ мешавад. Ҳашт сол ў бо мақолаҳои сермурчу қаламфури худ ҷаҳони криминалиро ба зери тозиёнаи танқид гирифт. Вале чун рўзаш омад боз ворисони ҳамин ҷаҳон баҳри наҷоти якаписари ў Собири шашсола дасту остин барзаданд.
То ҳамин лаҳза рўзноманигор Маъруф Остон ба ҷаҳони криминалӣ чун Ленин ба буржуазия менигарист. Он чӣ ки соате пештар тариқи телефон аз забони ҳамсар шунид, ба ақлаш рост намеомад. Наход онҳоеро, ки ў чашми дидан надошт, яку якбора, кам не, ғам не, шаст ҳазор доллар ба суратҳисоби «Маркази кардиологии Москва» гузарониданд? Чаро?
Маъруф Остон худаш медонист, ки барои чӣ. Худаш медонисту Худо ва боз нафаре, ки мақсаду мароми онҳоеро ки аз паси парда баҳри наҷоти писарчаи ягонаи ў Собир дасти ёрӣ дароз намудаанд.
Хаттои буржуазия маҳз дар он буд, ки Бенджамин Франклинро аз Ленин боло гузоштанд. Халқ мақоли хубе дорад:
«Саги гирандаро як нола бас».
Дар мубориза ба муқобили ҷаҳони криминалӣ Маъруф Остон аз Ленин ба муқобили буржуазия монандӣ надошт, вале ҷаҳони криминалӣ аз буржуазия дида дар сиёсат нозукбинтар будааст. Бубин, ин ҷаҳон бо як тир ду нишон зад. Сараввал рақиби хешро тариқи пора ба дом кашид ва бо дасти ҳамин рақиб-рақиби дигареро аз байн хоҳад бардошт. Яъне ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Барои ин олами криминалӣ вақте ба ёрии Маъруф Остон бархест, ки ҳамаи ёру дўстон ва ташкилоту муассисаҳое, ки ў дасташон гирифта буд, аз вай рў тофтанд. Ҷаҳони криминалӣ ҳам мефаҳмад, ки фарзанд чист ва падару модар тайёранд, ки барои аз варта баровардани ҷигарбанд ҷони хеш ба гарав монанд.
Рўзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад. Ҳарчанд то кунун мақсаду мароми олами криминалӣ ба ў маълум бошад ҳам, вале объекте, ки бояд ў аз байн мебурд, барояш номаълум буд. Ў аллакай розигии хешро баҳри амалӣ намудани аксияи пешбинишуда дода буд.

аз 558
навбатӣ