Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Не, аз ў касе забонхат ҳам нагирифтааст. Аз забони онҳое, ки ба ў дасти ёрӣ дароз карданд Насим ном шахсе чун адвокат баромад кард. Насим кию чикора аст ў худ намедонад. Ўро кӣ пушту паноҳ аст, баҳри худи вай ҳам муаммост, аммо аз он ки дар як шабонарўз маблағи зарурӣ ба «Маркази кардиологии Москва» гузаштааст, шаҳодатдиҳандаи амали онҳое буд, ки аз паси парда истода, тариқи Насим бо ў «роз»
гуфтанд, дасти дарозе доранд. Ана, ҳамин ҳолат Маъруф Остонро ҳушдор месохт, ки ба Насим ва шахсони дар пушти парда буда, чун Анна Каренина ба паровоз ва ё чун Ленин ба буржуазия нигоҳ накунад…
Ў боз тамоку даргиронд, то худро аз тамоми андешаҳои ботил эмин созад, вале ҳамааш баръакс шуд…
Соли гузашта айнан дар ҳамин фасли зимистон Собир бемор гардид. Чун онҳо ўро ба духтур нишон доданд, посух гирифтанд, ки зуком шудааст. Ҳарчанд дорую дармон карданд аз бад бадтар шуд ва ниҳоят нишонаҳое дар ҷисми писарчаи панҷсола пайдо шуд, ки онҳоро чун зуком арзёбӣ кардан намешуд. Рафту агар писарбача каме тезтар ҳаракат мекард нафасгириаш душвор шуда, лабонаш кабудчатоб мешуданд. Ин даъфа бо тавсияи духтур онҳо писарбачаро ба «Маркази кардиологии Душанбе» бурданд ва баъди ташхиси чандинбора духтурон хулоса бароварданд, ки писарбача аз замони таваллудаш ба касалии дил гирифтор аст, ҷарроҳӣ мебояд. Дунёи равшан ҳамон лаҳза дар пеши чашми Маъруф Остон хира шуд. Магар ў ва Ҷамила ба ҳамин хотир ба як болин сар монда буданд? Ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наоварданд, ки фарзанди ягонаи онҳо мубталои чунин беморист.
Маъруф Остон тайи як соли охир ба сад дар сар халонд, аз як идора ба ў идораи дигарро тавсия медоданду аз як ташкилот ташкилоти дигарро, мисли оне, ки тўби футболро бо як завқи бузурге аз як дарвоза ба дарвозаи дигар мефиристӣ…
Ба хотири фарзанд шуда ў тамоми сармояи хешро фурўхт ва ду ҳафта пеш ҳамсар ва писарбачаашро барои ташхиси навбатӣ ба «Маркази кардиологии Москва» фиристод. Гумон дошт, ки шояд табибони ватанӣ хато карда бошанд. Ҳафтае пеш Ҷамила занг зада хабар дод, ки хулосаи табибони ватанӣ дуруст будааст ва барои ҷарроҳӣ шаст ҳазор СКВ лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё