Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў имрўз ба курсие нишаста буд, ки яке аз чунин сутунҳо дар рў ба рўяш буд. Муфаттиши прокуратура тариқи оина суҳбати пешхизмати дирўзаро бо духтараки баландқомате дид, ки гоҳ – гоҳ ба тарафаш ишора доштанд. Баъди ҷаноза ў қариб, ки ба куҷое шитоб надошт. Сари субҳ прокурор Асад Ғанӣ мехост ўро ба дигар кор сафарбар намояд, вале чун матлаби аслии сарназоратчии қонун тамоман дигар буд, муфаттиш сухани сарвари идораашро напазируфт. Аз он чӣ ки тайи ду моҳи баъди чопи рўзнома прокурор хомўш буду яку якбора ин субҳ боз сари ҳамон мақола баргашт, инро муфаттиш аз иштироки Асад Ғанӣ дар ҷаласаи дирўзаи прокуратураи шаҳрӣ арзёбӣ намуд. Аз он чӣ ки прокурори ноҳияи Сарчашмаро аз рўйи мақолаи дар рўзномаи «Айём» чопшуда гўшмол дода буданд, ҷойи баҳс ҳам набуд. Чун аллакай гурусна буду ишкамаш ба қавле танбўр менавохт, рўйхати таомҳоро аз назар гузаронида истода гоҳ – гоҳ ба тарафи оина чашм медўхт. Пешхизмати дирўза бо он духтараки баландқомат сари кадом мавзўе суҳбат доштанд ў намешунид, вале аз рўйи ҳаракатҳояшон пай бурдан душвор набуд, ки худи вай мавзўи баҳси он ду хонум гардидааст. Ў ба ёд овард, ки дирўз ба пешхизмат гуфта буд, ки аз Россия омадаасту Сарвинозро дидан мехоҳад. Аслан пештар мешуд ёфтани Сарвиноз осонтар буд, чунки дар ҳар ноҳия идораи ҷамъияти матлубот амал мекард ва ҳама чойхонаву ошхонаҳоро муассисаи хўроки умумӣ сарварӣ дошт. Барои ёфтани чунин нафаре мисли Сарвиноз шарт набуд ҳамкоронашро пурсидан. Шўъбаи кадрҳо ҳамеша дасту остин барзада, дар хизмати корафтодагон буд. Ҳоло ҳама ҷоро моликияти шахсӣ зер кардагӣ ва дигар саг соҳибашро намеёбад. Ў бисёр мехост баъди ҷаноза боз як бори дигар бо ҳамсари марҳум Розиқ Амон суҳбат намояду дар бораи он духтараки ҷабрдида пурсон шавад, гўяд ки ҳаёти он духтарак дар зери хатар аст, вале чун аҳволи бади ў дар ҷаноза бидид аз райъаш гашт. Акнун танҳо Сарвиноз метавонист сари ҳамин масъала рўшанӣ андозад, агар ў ҳам ягон чизро донад…
– Ман ба ў ҳамашаро мегўям.
– Ихтиёрат, вале суханони бандаро аз хотир набарор, боз нашаваду…

пешина
аз 558
навбатӣ