Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Э Малоҳатхон, Малоҳатхон, аз ману худат Сарвиноз намебарояд, рафту агар ба ҷойи худат дирўз Сарвиноз мебуд…
– Ҳамаи инро сабаб он аст, ки…
– Хуш, сабаб чӣ будааст?
– Мо дар занҷири шарму ҳаё печидаем.
– Магар ин бад аст?
– Бад нест агар синну соли мо таги сӣ намебуд ва моро пирдухтар намегуфтанд.
– Пас, чӣ бояд кард?
– Талош бояд кард, талош, мисли оне, ки най бо фиғони хеш ҷо ба маҳфилҳо намуда.
– Ману ту найи беовозро мемонем.
– Най бе овоз намешавад. Беҳтар мешуд, ки чун най бо ҳамон дўсти Сарвиноз сухан мекардӣ. Акнун рав.
Раъно баробари ба паҳлуи ҳар як сутун рост шудан як лаҳза ба симои зоҳирии хеш назар карда, хиромида-хиромида пеш мерафт, бехабар аз он ки Фирдавси Ҳаким ўро наззора дорад.
– Салом, – баробари ба мизи мизоҷи ношинос рост шудан гуфт пешхизмат.
– Салом, – аз байни андешаҳои хеш берун омада гуфт мизоҷ.
– Хуш, чӣ мефармоед?
– Ин ба худи шумо вобаста, ки бандаро чӣ тавр қабул мекунед?
– Шуморо нафаҳмидам?
– Чияш нофаҳмо Раъно?
– Ба фикрам ман шуморо бори аввал мебинам, вале ҳайронам, ки номи маро аз куҷо медонед?
– Бовар намоед, як шабонарўз боз номи шумо вирди забонам.
– Наход?
– Бе муболиға мегўям, акнун хуб мешуд, ки ҳамроҳи ман каме суҳбат мекардед.
– Ман аз он духтарони шумо фикр мекардагӣ не,– насиҳатҳои Малоҳатро дар як лаҳза ба гўшаи фаромўшӣ дода гуфт Раъно.
– Ман ҳам ҳамчунин.

пешина
аз 558
навбатӣ