Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар қисми навбатдори ў аз асли воқеа огоҳ шуд. Навбатдори шубъа аз ҳодисаи ба вуқуъ омада, ба прокуратура хабар дод. Сипас, гурўҳи фаврӣ – тафтишотии милиса ҳам қисман ҷамъ шуд, чунки қисми дигаре аз рўйи ҳодисаи авбошӣ ним соат пештар ба ҷойи ҳодиса рафта буданд.
Ҳарчанд Сорбони Ҳомид ин бегоҳ шомили гурўҳи фаврӣ тафтишотӣ набуд, вале ўро ба ҷуз ба ҷойи ҳодиса рафтан чорае намонда буд.
Баъди панҷ дақиқаи аз рўйи роҳ баргаштани Сорбони Ҳамид гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ дар ҳайати ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳамид эксперт – криминалист Асо Ҷўра, сарнозири минтақавӣ Қурбон Дўст ба автомашина нишастанд. Навбатдор Сорбони Ҳомидро ҳушдор сохт, ки сари роҳ муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳакимро низ бо худ бигиранд. Чун гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса омад автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» аллакай он ҷо буд.
Дар даромадгоҳи бино аллакай мардуми зиёде гирд омада буданд. Баробари аз автомашина фаромадан муфаттиши прокуратура мушовири адлияи дараҷаи сеюм Фирдавси Ҳамид роҳбарии умумии гурўҳи фаврӣ тафтишотиро ба дўши хеш гирифта баъди пурсиши кутоҳи Самохина ба Асо Ҷўра супориш дод, ки ҷойи ҳодисаро ба навор гирад. Ташхисгари тиббӣ, ки то омадани гурўҳи тафтишотӣ аллакай як маротиба набзи шахсони дар дохили лифт бударо санҷида ва боварӣ ҳосил намуда буд, ки дигар онҳо ба ёрии тиббӣ муҳтоҷ нестанд, танҳо баъди рухсати муфаттиш ба тарафи лифт ҳаракат кард.
Бо супориши сарвари гурўҳи тафтишотӣ Фирдавси Ҳаким капитани милиса Сорбони Ҳомид баҳри дарёфти нишонаҳои ҷиноят бо мардуми дар беруни бино буда, суҳбат дошт. Сарнозири минтақавӣ, майори милиса Қурбон Дўст ду нафарро аз ҳамсояҳо ба сифати шахси холис барои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса даъват намуд. Ташхисгар – криминалист лейтенанти калони милиса Асо Ҷўра ба ташхиси ҷузъии лифт пардохт. Дар зери рушноии барқӣ Фирдавси Ҳаким аз ҷузвдони дар дасташ буда протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодисаро бароварда, сари по нишаста онро болои ҷузвдон гузошта хома бар рўйи он бурд: 8 – декабри соли 20… 1935 дақиқа. Сипас, ў ба протокол ному насаби иштирокчиён, аз ҷумла холисонро сабт намуда, ба азназаргузаронии расмии ҷойи ҳодиса воқеъ дар кўчаи Хуросон 25/4 оғоз намуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё