Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Холисон ҳарду нафари дар дохили лифт бударо, ки аз рўйи хулосаи ташхисгари тиббӣ Акбари Диловар тахминан як соат пеш бо зиндагӣ падруд гуфта буданд, шинохтанд. Аз рўйи нишондоди ҳамсояҳо нафаре, ки дар тарафи чапи синааш тир хурда буд, мудири яке аз бонкҳои саҳомӣ Розиқ Амон ва оне, ки тир ба пешонааш расидааст, муҳофизи ў буд. Розиқ Амон дар қабати шашуми бинои мазкур дар хонаи рақами 62 зиндагӣ мекардааст. Аз рўйи мавқеи болои фарш афтидани ҷасадҳо дарк намудан мушкилие надошт, ки сараввал ҷинояткор тирро ба пешонаи муҳофиз ҷой намудааст ва баъди он тири дуюмро ба синаи мудири бонк. Аз рўйи рўзномаҳои паҳну парешони дохили лифт бармеояд, ки Розиқ Амон баробари вориди лифт шудан саргарми хондани рўзномаҳо гаштааст. Рўзномаҳои паҳну парешони дохили лифт худ гувоҳи ҳамин кор буданд.
Ба ҷуз Екатерина Андреевна дигар шоҳиде дар ин ҳодиса пайдо нашуд. Ҳарчанд нишондоди ў низ ба гумон буд, ки ба рафти тафтишот рўшанӣ андозад.
Ба суоли Сорбони Ҳомид, ки чаро Екатерина Андреевна гумон дорад, ки маҳз ҷинояткор сайди хешро аз ҳамин ҷо ба зери назорат гирифта будааст , Самохина чунин посух дод:
– Автомашинаи «Жигули» пеш аз боридани барф дар ҳамон ҷо буд.
Умуман, Сорбони Ҳомид фикру ақидаи Самохинаро ба сарвари гурўҳи тафтишотӣ расонд ва бо амри Фирдавси Ҳаким ташхисгар – криминалист Асо Ҷўра ҳамроҳи холисону гурўҳи тафтишотӣ ва Екатерина Андреевна Самохина ба тарафи муқобили роҳ гузаштанд. Хушбахтона, то рафтани онҳо аз он мавзеъ нақлиёти дигаре нагузашта буд ва Асо Ҷўра барфи ҷойи исти автомашинаро бо барфи дигар қисмҳои роҳ тариқи ҷадвал қиёс намуд, ки он 10 бар 2 сантиметрро ташкил дод. Яъне дар ҷойе, ки автомашина замоне сукут карда буд, баландии барф ҳамагӣ 0,2 сантиметрро ташкил медод. Дар дигар қисмати роҳ
10 сантиметрро.
Екатерина Андреевна ҳамчунин гуфт, ки замоне, ки ў аз роҳ мегузашт, нақши пойи он мардеро ки паҳлуи автомашина рост меистод, боз дар ҳамин тарафи роҳ ҳам дида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё