Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Майлаш фардо баъди танаффуси нисфирўзӣ ман аз пайи корҳои худат мешавам. Соатҳои 20.30 дақиқа занг зан аз натиҷаи корҳои хеш ба худат хабар медиҳам. Мутаассифона, Шокир Шараф маҷлисро аз нимаи аввали рўз то ба нимаи дуюми он кашол доду кашол… Чун маҷлис оғоз шуд даҳони сардор чунон тафсид, ки дар муддати баромадаш чор маротиба об нўшид. Сипас, боз чанд нафари дигар аз рўйи маърўзаи сардор ба музокира баромаданду ба аҳли толор роҳу равиши муборизаро алайҳи ҷиноятҳои содиршуда нишон доданӣ шуданд. Баъди анҷоми маҷлиси умумӣ, ки дар он кори раёсат дар давоми ёздаҳ моҳ шунида шуд, Шокир Шараф муовинон ва сардорони бахшҳоро боз як соат дар алоҳидагӣ гўшмол дод. Ба қавле маҷлис як рўзи кориро бўғӣ кард. Ҳотам Илёс чун ба дафтари кориаш омад, садои занги телефон гўши фалак дарид.
Дар давоми маҷлис бошад ў телефони мобилии хеш хомўш карда буд. Ниҳоят ў ба курсӣ нишаста гўшакро бардошт.
– Чаро наомадед?– ба ҷойи салом суол дод шахси ба алоқа баромада.
– Сарвиноз ин туӣ?
– Боз кӣ мешуд, имрўз кўки чашмонам аз роҳпоӣ канд.
– Ба ростӣ ман тамоми рўз аз идора баромада натавонистам.
– Чӣ хел натавонистед, ки ман чанд бор ба дафтари кориатон занг задам касе гўшакро набардошт, мобилкаатон бошад хомўш буд ё…
Ё гуфтани Сарвиноз ин рамзе буд, шояд ў пурсиданӣ буд, ки ё ягон нафаре дар оғўшатон буд. Ҳотам Илёс суоли додаи Сарвинозро нағз фаҳмид, ки гуфт:
– Ба номат қасам, ки ман дар маҷлис будам, вагарна ҳатман меомадам.
– Ман аслан умедамро кандам, вале бист дақиқа пештар аз «Олами роз» занг заданд. Дурусттараш ман худам занг задам ва ҳанўз рози диламро накушода будам, ки Раъно бандаро бо навигариҳои «Олами роз» ошно кард.
– Чӣ хел навигарӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ