Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Акнун фаҳмидам ва чун аз Сарвиноз хабаре шунидам ҳатман ба шумо занг мезанам.
– Ман хоҳиш мекунам, ки дар ин бора ба касе забон накушоед, чунки агар ба Сарвиноз ҳодисае рух диҳад, ману шумо на танҳо дар назди виҷдони хеш, балки дар назди қонун ҳам ҷавоб хоҳем гуфт.
– Малоҳат дар ин бора медонад?
– Кадом Малоҳат?
– Ҳамон пешхизмати дирўза.
– Не, ман ба ў гуфтам ки аз Россия аз мардикорӣ омадам.
– Ў ҳамаашро ба ман гуфт.
– Ман ҳайронам, ки чаро мардум ду даҳон гапро дар дилашон ҷой дода наметавонанд?
– Рафту агар Малоҳат маро пурсад, ки сари кадом масъала суҳбат доштед?
– Худат ягон роҳашро меёбӣ.
– Ягон хўрок биёрам?
– Айни муддао мебуд.
– Хуш чӣ мефармоед?
– Дирўз ман ба табъи Малоҳатхон бовар кардам ва наметавонам имрўз ба шумо бовар накунам.
– Ай момент10,– гўён Раъно аз ҷояш хест ва баъди панҷ дақиқа болои мизи мизоҷро мисли тарабхонаҳо оро дод.
Хўрокҳои овардаи Раъно аз таъби баланди ў гувоҳӣ медод.
Баъди ним соат муфаттиш ба пешхизмат ҳисобӣ намуда, аз «Олами роз» берун шуд. Аз телефон автомати сари роҳ ба Ситораи Қурбон занг зад то бифаҳмад дар прокуратура чӣ гапҳои тоза.
– Соати даҳ шефро ба беморхонаи марказӣ бурданд,– хабар дод котиба. Фирдавси Ҳаким ба аёдати Асад Ғанӣ рафт…

… 28 …

Кори хона ба бозор рост намеояд,– гуфтагӣ барин Ҳотам
Илёс бо сабабҳои объективӣ имрўз ба хонадони амаки Сарвиноз рафта натавонист. Аз он ки дирўз Насим Ёдгор ба қавлаш
вафо карду худи вай дар аҳдаш устувор наистод, хело таассуф
хўрд. Дирўз баъди гузаронидани амалиёт Насим занг зада вайро огоҳ намуд, ки ҳама корро аз рўйи нақшаи тарҳрезӣ намудаи вай ба сомон расонид.

пешина
аз 558
навбатӣ