Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Шумо маро мефаҳмед?
– Ҳа, кам –кам.
– Рафту модар агар зирак мешуд аз ду сар мефаҳмид, ки духтараш бо кӣ гап задаву то ба куҷо рафтанист.
– Ин ба гуфтан осон. Баъзе духтарони мо то ба лаби об ташна бурда ташна меорандат.
– Духтаре ки боиси сарсониҳои падару модар гаштааст оё чунин шахс аст?
– Фикр мекунам, ки ҳамин хел аст.
– Охир, ў нав ба шонздаҳ қадам ниҳода аст?
– Дигар дар кадом синну сол буданаш аҳамият надорад.
Модоме ки ў модарро фиреб кардааст.
– Ба ақидаи шумо ў духтари сабукпой аст?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Шояд бо падару модари Ёсуман якҷоя суҳбат намоем?
– Агар шумо зид набошед.
– Ман зид нестам, вале хуб мешуд, ки ман шуморо ҳамчун корманди ҳамин идора муаррифӣ мекардам.
– Инаш барои чӣ?
– Волидайни Ёсуман аз ман хоҳиш намуданд, ки рози гум шудани духтарашонро пинҳон дорам. Ба ҳар ҳол духтари қадрас ҳазор як пасту баландиҳо дорад. Аминам, ки маро мефаҳмед?
– Чияш нофаҳмо, модоме ки ваъда додаед, ман розӣ.
– Хайр биё рафтем!
– Ин каси ҳамкори мо капитани милиса Сорбони Ҳомид,– баробари пой бар остонаи дафтари кориаш гузоштан шахси бо худ овардаашро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, волидайни Ёсумаро ҳушдор сохт, ки бо фармони сардори ШКД Сорбони Ҳомид роҳбари гурўҳи ҷустуҷўйи таъин шудааст ва нияти ба чанд суоли хеш посух гирифтан дорад.
– Мо тайёрем ба ҳама суолҳои шумо посух гўем ба шарте ки ин посухҳо ба рафти корҳои ҷустуҷўи манфиате расад, –гуфт падари Ёсуман.
– Манфиаташро худи вақт муайян мекунад, вале мо бар он ақидаем, ки посухҳои шумо корҳои ҷустуҷўиро ба маҷрои муайяне ҳидоят хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё