Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Мо аллакай ҳамаашро ба ин бародар (соҳиби дафтари корӣ дар назар аст) гуфта додем.
– Мо, медонем, вале хуб мешуд, ки шумо боз як маротиба ҳолномаи Ёсуманро аз саҳфаи хотироти хеш варақгардон мекардед.
– Магар аз ин ягон суде ҳаст? – пурсид падари Ёсуман.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам Аъзам Толибович гуфтанд, ки шумо геолог ҳастед, – ба тарафи мусоҳибаш нигариста пурсид Сорбони Ҳомид.
– Ҳа, геолог– инженер ҳастам ва дар яке аз экспедитсияҳои геологӣ вазифаи геологи калонро ба дўш дорам.
– Самти фаъолитяи мову шумо қариб як аст.
– Чӣ хел як аст?
– Ҳамин хел оддӣ. Шумо бо чӣ азобҳое ба ҷустуҷўи маъданҳо сару кор доред, мо ба ҷустуҷўйи онҳое ки по ба болои қонун гузоштаанд ва ё нафароне ки бозичаи дасти қонунвайронкунандагон гаштаанд.
– Ба фикри шумо духтараки шонздаҳсола пой бар болои қонун ниҳодааст? – сахт карда гуфт падари Ёсуман.
– Ман боварӣ дорам, ки ў ҳаргиз пой бар болои қонун наниҳодааст, вале аҷаб нест, ки қурбони дасисабозиҳои қонуншиканҳо нагашта бошад.
– Чӣ ба фикри шумо Ёсуман аллакай дар қайди ҳаёт нест?– бо овози хаста пурсид модари зор.
– Ман ин хел нагуфтам. Аҷаб нест, ки Ёсуманро кадоме ба бозиҳои хеш, ки аслан аз чунин бозиҳо даромад меҷўянд, накашида бошад.
– Шумо гумон доред, ки ў бо нашъаҷаллобон ҳамроҳ шудааст? – пурсид падари духтар.
– Ҳарчанд мо далели аниқ ҳам надорем, вале чунин ранг гирифтани ҳодисаро инкор карда ҳам наметавонем.
– Ҳеҷ бовариам намеояд, ки духтари ман бо нашъаҷаллобон ҳамроҳ шуда бошад,– гуфт падари Ёсуман.
– Бо ҳамин хотир хоҳиш мекунам, ки рафторҳои як– ду соли охири Ёсуманро ба ёд биёред. Оё дар давоми як – ду соли охир шумо ягон ҳаракати ғайриоддиеро дар рафтори Ёсуман мушоҳида кардаед ё на?
– Чун ман ҳамеша дар кўҳу камарам, қариб ки ягон рафтори ғайриодии Ёсуманро ба ёд оварда наметавонам. Беҳтар мешуд, ки шумо суоли хешро аниқтар медодед, – гуфт падари Ёсуман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё