Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Оё ягон маротиба аз забони Ёсуман дар бораи ягон милиса сухане шунидаед?
– Не, чӣ буд?
– Ба фикри мо баъди он шабнишинии дар хонаи Қиммат баргузоргашта Ёсуманро ба милиса даъват намуда буданд.
– Чӣ дар хонаи Қиммат ягон ҳодиса рух дода будааст?
– Намедонам, вале боварӣ дорам, ки баъди он шабнишинӣ Ёсуман дар ҳузури милиса ҳисобот додааст.
– Чӣ хел ҳисобот? Шумо чиҳо гуфта истодаед? Кӣ ба шумо ҳуқуқ дод нисбат ба духтаре ки гард ба домонаш нанишаст аст чунин андеша намоед? – шўрида рафт модари Ёсуман.
– Ман чӣ гуфтанамро медонам ва боварӣ дорам, ки шумо дар тарбияи фарзанд на як бору ду бор ба хатокориҳо роҳ додаед. Довари аслии кору рафтори ҳамаи мо вақт аст ва рўзе шумо бовар хоҳед намуд, ки баъди он шабнишинӣ Ёсуман дар милиса будааст. Акнун дар амони Худо бошед, – гўён Сорбони Ҳомид бо Толеҳзода ҳам худоҳофизӣ намуд…
… 30 …
Аз гузориши Насим оид ба иҷрои амалиёт Ҳотам Илёс қаноатманд гашт. Дар ҳамин асно касе ба тирезаи автомашина ангушт зада, аз самти пеши автомашина гузашта, ба тарафи ронанда ҳаракат кард.
– Бубахшед ман ҳозир,– гўён Насим аз автомашина берун шуд.
– Ту дар ин ҷо чӣ мекобӣ? – шунид ў овози Насимро.
– Аз роҳ мегузаштам чашмам ба рақами автомашинаат бархўрд, гумон кардам, ки мабодо ҳамроҳат ягон оимчае набошад, вагарна гузашта мерафтам, – гуфт Сарвиноз.
– Рашк намудам гўй?
– Бе рашк намешавад, акнун бигў ки дар паҳлуят кист?
– Шефи мо. Ҳа, дар воқеъ фардо ҳатман шеф ба хонаи шумо ба хостгорӣ меравад.
– Худаш гуфт, ё ин ҳамаш бофтаи тахаюлоти худат?
– Худи ҳозир мо сари ҳамин масъала суҳбат доштем.
– Шояд аз шефат узр пурсӣ ва мо каме ҳам бошад аз назди ў дуртар равем.
– Ман аллакай пурсидам, биё рафтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё