Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зан ҳам аз таънаю маломати шавҳар чун мор ба худ мепечид, вале нисбат ба шавҳар сабуриро пеша кард ва сар ба зер афканд. Шояд ў аз таҷрибаи рўзгор баҳраи дуруст гирифта буд, ки хомўш монд. Аз сабурии зан мард ҳам аз аспи ҷаҳл фаромад ва бо як мулоиматӣ гуфт:
– О, чаро як бор нагуфтӣ, ки духтарамон як шаб дар хона набуд.
– Гумон дорӣ, ки ман ба Ёсуман чизе нагуфтам, гуфтам.
Ҳамон рўз ба пўсташ коҳ ҷой кардам ва гуфтам, ки чун падарат биёяд ҳамаашро ба ў хоҳам гуфт. Ёсаман бошад, гуфт ки агар дар ин бора ба падарам як даҳон гап занӣ, ман худамро меовезам. Мефаҳмӣ ё не?
– Аз дасти фарзанди ин замона ҳар кор омаданаш мумкин,– оҳ кашида гуфт падари духтар.
– Фаҳмидан мехостем, ки чаро Ёсуман баъди хатми синфи нўҳум дигар ба мактаб нарафт?
– Худаш нахост, мо бошем ўро маҷбур накардем,– гуфт модар.
– Шумо чӣ?
– Дар оғози соли хониш ман дар экспедитсияи геологӣ будам ва танҳо дар охирии моҳи октябр баргаштам, чун фаҳмидам, ки аз аввали соли хониш Ёсуман ба мактаб нарафтааст, хело мушавваш шудам, вале дигар чӣ ҳам мегуфтам.
– Дар бораи дугонаи духтаратон Қиммат чанд сухан мегуфтед?
– Чанд сол Қиммат дар маҳаллаи мо зиндагӣ дошт. Ў гоҳ
– гоҳ ҳамроҳи Ёсуман ба хонаи мо меомад. Ду– се сол пештар падару модараш аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Соле пештар модари Қиммат хонаҳояшро фурўхта ба маҳаллаи шимоли шаҳр кўчид,– гуфт зан.
– Модари Қиммат чӣкора аст?
– Ў соҳибкор аст. Аз соҳибкорӣ соҳиби хонаву дари боҳашамат шуд, вале шавҳарашро аз даст дод. Ҳар моҳ як маротиба ба Дубай рафта меояд. Тайи як сол зиёдтар ман вайро надидаам, вале аз рўйи шунидам бизнесаш бад нест.
– Оё шумо суроғаи Қимматро намедонед?
– Дар маҳаллаи шимол, дар рў ба рўйи боғи Айнӣ, дар зери кўҳдоман, ман худам– ку он чо нарафтам, вале аз рўйи шунидам дар ҳамон ҷо хонаҳои дакаданге сохтааст.

пешина
аз 558
навбатӣ