Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳотам Илёс лаҳзае истода тамоку даргиронд ва дид, ки чӣ тавр Насиму арўсшавандааш ба автомашина нишастанд. Лаҳзае пас автомашинаи «ВАЗ 2105» ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ даромад…
Ҳотам Илёс майли ба ягон намуди нақлиёт нишастан накарда ба ҳамин самти ҳаракати автомашина роҳ пеш гирифт.
Тахминан баъди ду ва ё се дақиқа садои гўшхарошеро шунид.
Сипас шўълаи оташ аз байни роҳ фурўзон гашт…
Ҳотам Илёс автомашинаи роҳгузареро манъ намуда, то ба хона омад. Баъди ду– се дақиқаи пой бар остонаи хонааш ниҳодан хабари таъҷилиро дар бораи таркиши автомашина дар самти кўчаи Неъмат Қарабоев шунид. Аз суханони ровӣ ба хулосае омад, ки ду нафари дар дохили автомашина буда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Аз рўйи суханони ровӣ фаҳмид, ки мақомоти тафтишотӣ ҳодисаи акти террористиро низ инкор намекунанд.
Ҳанўз ў тағйири либос накарда буд, ки аз ҷойи кораш занг заданд.
Ў ба таблои телефони мобилӣ нигариста, тугмачаи онро пахш намуда гуфт:
– Гўшам ба шумо рафиқ генерал!
– Дар кўчаи Н. Қарабоев автомашинаи «ВАЗ 2105» – ро тариқи норинҷкаки «Ф» – 1 тарконидаанд. То кунун маълум нест, ки ҷинояти мазкур характери криминалӣ дорад ва ё он акти терорристист. Ба фикрам ба идора омаданатон шарт,– гўён сардори раёсат гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Маро ба ҷойи кор даъват намудаанд, – гўён Ҳотам Илёс ба навбатдори раёсат занг зада автомашина талаб намуд.
– Ҳозир автомашинаро мефиристем, – гуфт навбатдор.
Ҳотам Илёс боз даҳ – понздах дақиқа вақти дигар дошт ва дар ин муддат метавонист бо фарзандон ҳамсуҳбат шавад, вале чун таъбаш хира буд, зарурати корро баҳона карда ҳамоно аз хона баромад.
Ҳамсараш Ороста ўро то санҷаи дар гусел намуда пурсид, ки оё шаб бармегардад ё на?
– Хуб мешуд, ки маро интизор намешудед. Аз эҳтимод дур нест, ки ҳодисаи мазкур акти террористӣ набошад. Рафту агар чунин бошад то худи сардори раёсат ҳама сари по ростем…
– Худатро эҳтиёт намо,– гуфт зан бо ў худоҳофизӣ намуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё