Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай дигар сухане ба забон наоварда аз зинаҳо ба поён рафт. Дар берун зимистон бо ҳама буду набудаш ҳукмфармоӣ дошт. Ў гиребони палтояшро бардошта ба тарафи роҳи калон ҳаракат кард. Симои Сарвиноз он духтараки нозанин, ки на танҳо вазифаи хабаркашӣ ғайрирасмиро ба дўш дошт, балки гоҳ – гоҳ ними бистари ўро гарм мекард аз пеши назараш дур намешуд. Насим ҳам қариб, ки ба ў бегона набуд, вале аз чӣ бошад, ки марги Сарвиноз барояш гаронтар буд. Бубин, аз рўйи нафс шуда ў бо худ чӣ кард? Ҳамсараш бошад ҳамарўза ёдовар мешавад, ки Шерзамон занг зада буд. Шерзамон чунин мегўяд ва ғайраю ҳоказо. Аслан дар суханони Маъруф Остон, ки нисбат ба коррупсия гуфтааст, заррае муболиға нест. Коррупсияро бо чароғ ҷустан лозим нест, гирем ҳамин Шерзамон ва қасри сохтаи вайро, чӣ душворӣ дорад фаҳмидани он ки он қасри месохтагиаш аз они худаш нест.
«– Пас он қаср аз они кист?– нидо омад аз калбаш.
– Аз они язнамуллояш.
– Язнамуллояш чӣ кора?
– Корманди милиса, вазифааш ҳам он қадар калон не, чунки бо чунин вазифа унвони генерал – майорро гирифтан мумкин нест.
– Инаш фаҳмо, вале қасри сохтагиаш баробари маоши якумраи як генерал дар ҳолате ки ҳамон генерал ҳар моҳ на камтар аз чаҳорсад доллари амрикоӣ маош бигирад.
– Милисаро чӣ тарс модоме ки қаср дар номи худаш нест?
– Тавилаи давлат дароз аст ва агар бихоҳад…
– Не, Худо нигоҳдор бошаду чашми бадбинро кўр намояд.
– Ва боз қалами маълумотбозҳоро шиканад, ҳамин тавр?
– Ҳа, агар арзу шикоят нашавад, киро бо Шерзамон барин соҳибкоре ки қариб нони хўрдан надорад, сару кор аст?
– Ҳама корро оғозу анҷомест ва худат, ки то оринҷ ғарқи хун гаштаӣ, чаро ба рафторат аз нуқтаи назари хеш баҳо намедиҳӣ. Барои ҳақиқатро дидан на чашми бадбин лозим асту на қалами тези маълумотбоз. Ҳар кӣ бад кунад, рўзе ба бадии Худованд гирифтор хоҳад шуд, чунки бадӣ назди Офаридгор мақбул нест. Мефаҳмӣ!
– Илтимос маро ба ҳоли худам гузоред, бе ин ҳам дарду ғами банда интиҳо надорад. Ҳамааш аз касофати ҳамон хабари Сарвиноз шуд. Хайр чӣ шуд, кадом як духтараке номуси хеш аз даст дод, чунин нафарон магар дар рўйи замин ангуштшуморанд?

пешина
аз 558
навбатӣ