Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Не, чунинҳояш ҳам лаки дар лаканд.
– Дуруст, вале ман ба хотири ҳифзи номуси нафаре бархостаму ба бало мондам.
– Ту агар ба хотири ҳифзи ҷабрдида бармехостӣ Худованди азза ва ҷалла баракати коратро даҳчанд мекард, вале ту ба васвасаи шайтон гирифтор шудӣ, чунки дар ҳамон лаҳза аз калимаи «астағфируллоҳ» фаромўш кардӣ. Чун шайтони лаъин ба қалбат роҳ ёфт, туро дар гуноҳ намудан далертар кард ва то бифаҳмидӣ, ки фарсахҳо пой бар рўйи қонун гузоштӣ.»
Автомашинаи идора паҳлуяш биистод ва ў аз байни андешаҳо берун шуда дарро кушод…
… 31 …
Баробари ба қайд гирифтани ҳодисаи таркиш дар кўчаи Н.
Қарабоев, ки дар натиҷаи он ду нафар ҳалок ва чор тани дигар захмӣ шуда буданд, бо амри вазири корҳои дохилӣ дар қаламрави шаҳр тамоми ҷузъу томҳои милиса ба ҳолати хизмати пурзўр гузаронида шуданд.
Бинобар он ки аз лаҳзаҳои аввал таркиш чун акти террористӣ ба қайд гирифта шуд, ба ҷуз мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура, ҳамчунин мақомоти амнияти давлатӣ низ сари по рост шуданд. Дар тамоми минтақаи шаҳр амалиётҳои «Перехват», «Арсенал» ва «Филтр» – ро ҳамчун нақшаи минималии корӣ қабул намуда, баҳри иҷрои онҳо камар бастанд.
Таркиши «Ф» – 1 дар дохили автомашинаи «ВАЗ–2105» як табаддулоти бузургеро дар ҳаракатҳои мақомоти қудратӣ ба амал овард. Тариқи мухобира тамоми дидбонгоҳҳои БДА11 аз ҳодисаи рухдода ва оғози амалиётҳои «Перехват», «Арсенал»
ва «Филтр» огоҳонида шуданд ва соате пас аз ҳисоби дигар ҷузъу томҳо сафи хизматчиён дар дидбонгоҳҳои мазкур пурзўр карда шуданд.
Тамоми шаб аз ҳисоби нозирони минтақавӣ, хадамоти пайроҳадорӣ ва кормандони фаврӣ– ҷустуҷўйи дар минтақаҳои гуногуни шаҳр рейдҳо гузаронида шуд.
Мақомотҳои қудратии таркиши мазкурро як эътирози қувваҳои ҷинояткор ба муқобили хеш ҳисобида, ҳама чун бародар аз як гиребон сар бароварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё