Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Берозигии прокурор чӣ тавр кофтуков мегузаронем?
– Ин тарафи масъаларо худи муфаттиш Фирдавси Ҳаким ба дўш мегирад.
– Ин тавр ки бошад таъмини бехатарии Гулбарг Амонро ман ба зиммаи взводи патрули пайроҳадорӣ месупорам. Ҳама аз пайи кор шавед,– гўён Ҳамид Ҷовид бо аҳли нишаст худоҳофизӣ намуд...
… 32 …

Баъди занги телефони Сорбони Ҳомид муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма мушовири адлияи дараҷаи сеюм Фирдавси Ҳаким сари андешаҳои бе сару нўг монд…
Ҳодисаи таркиш дар кўчаи Н. Қарабоев, ки дар натиҷаи он ду нафар бо зиндагӣ падруд гуфта, чор тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаҳои шаҳрӣ хобонида шуданд, як такони бузургеро дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноии рақами 466 рўйи саҳна овард.
Фирдавси Ҳаким маҷмўи умумии зарар ё худ талафотро дар катакчаҳои майнааш ҷо ба ҷо кардан натавонист. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки тайи камтар аз як ҳафта чор нафар ҷони хеш аз даст додаву чор нафар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона афтиданд ва тақдири як духтараки шонздаҳсола ҳанўз маълум набуд. Рафту агар корҳои тафтишотию ҷустуҷўӣ самаре надиҳанд, боз кӣ медонад, ки дар сари ҷинояткор чӣ фикру хаёле давр мезанад, боз чандин нафари дигарро баҳри амон мондани сари хеш қурбон мекунад.
Новобаста аз он ки Фирдавси Ҳаким борҳо мақоли ҳалқии «Тадбир ба тақдири Худованд намонад» – ро шунида буд, вале дар марги Сарвинози Зоҳир худро гунаҳкор ҳисоб мекард.
Чун Сорбони Ҳомид ўро тариқи телефон аз ҳодисаи ба сари Сарвинози Зоҳир ва Насим Ёдгор, ки кадом нохалафе баҳри ҳарду чунин маргро тарҳрезӣ намуда буд, огоҳ кард,–муфаттиш беихтиёр қисме аз мусоҳибаи дирўзаи хешро баъди ҷаноза ба пешхизмати қаҳвахонаи «Олами роз» Раънои Бозор ба ёд овард:
– Сарвиноз чанд сола аст?
– Бисту ду сола.
– Дирўз дугонаат гуфт, ки ба наздикӣ тўй мешудааст, оё намегўед, ки домодшаванда чӣ кора аст?

пешина
аз 558
навбатӣ