Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ба фикрам вай ҳам милиса аст.
– Ному насабашро намедонед?
– Номаш Насим, ў гоҳ – гоҳ ба «Олами роз» меомад. Чун Сарвиноз аз кор рафт, қадами мубораки эшон ҳам аз ин остона канда шуд.
– Кадом эшон?
– Қадами Насим.
– Ў чандсола аст?
– Насим?
– Ҳа.
– Ба фикрам бисту ҳашт – сӣ сола.
– Вазифаю рутбаашро намедонед?
– Намедонам.
Сорбони Ҳомид бошад хабар дод, ки Насим Ёдгор оне ки сари чанбараки «ВАЗ– 2105» будааст, чанд сол пеш бо ҷурми даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир ҳабс шуда будааст.
Аз ин бармеояд, ки ў дар милиса кор намекардааст. Пас чаро ў ба Сарвиноз худро чун милиса муаррифӣ намуда будааст? Аз он ки ў милиса набудаст, дигар ҷойи андеша ҳам нест, вале аҷаб нест, ки кадом як милиса ўро пушту паноҳ будааст.
– Шояд ў хабаркаши милиса будааст. Аслан ҳама мардуми хабаркаш бо милисаҳо риштаи дўстӣ мепайванданд. Гирем ҳамин Сорбони Ҳомидро агар ў хабаркашҳои хуб намедошт магар дар кушодани як қатор ҷиноятҳои вазнин саҳмгузор мешуд. Ман борҳо бо ҳар роҳ хостам дар бораи ақаллан як хабаркашаш маълумоте ба даст оварам, вале нашуд, ки нашуд…
Аз эҳтимол дур нест, ки парвандаҳои хабаркашҳои милиса чун хабаркашҳои разведка дар зери грифи «махсусан махфӣ» нигоҳ дошта нашаванд. Модоме ки чунин бошад ба гумон аст баъди марг ҳам милиса Насим ё Сарвинозро, ки аз нуқтаи назари Гулбарг Амон хабаркашӣ милиса будааст, чун собиқ хабаркаши хеш эътироф намоянд.
Бо ҳама ҳуқуқи назоратӣ доштаи хеш прокуратура ба кушодани чунин як асрори оддӣ қодир нест. Сад ҳайф…
Шояд агар онҳо дар «Хизмати махфӣ» бо милиса қарор доштанд, бубин хоҷаашон ба онҳо чӣ гуна маргро раво дид.
– Чӣ даҳшати бузургест бо чунин тарз ҷони хеш аз даст додан. Мисли оне ки на гул ба ту вафо карду не ёр ба ман…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё