Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чунки агар ҷинояткор калла медошт, айнан бояд мисли шумо андешаронӣ мекард. Дар он сурат ҳам қувваи камтар сарф мекард ва ҳам манфиати кораш бе ягон харҷу мараҷи зиёдатӣ мешуд. Не, ҷинояткори мегуфтагӣ чӣ хеле ки шумо андеша доред, ба хаттои ҷиддӣ роҳ додааст. Ҳамин хаттояш кифоя аст, ки ў ба дом афтад. Ба фикрам вай бо ҳамин торҳои танидаи хеш ба дом меафтад, мисли оне, ки дирўз Асад Ғанӣ шуморо ба коми минотавр12 партофтанӣ шуду худ бо андешаҳои ноодолина ба беморхона афтид. Не, не набояд чунин як ҷинояткори бемағзро чун Карпову Каспаров13 шоҳмотбози бузург номид…
– Фарз намудем, ки ҷинояткор Сарвинози Зоҳирро барои ошкор нашудани сираш аз байн бардошт, вале чаро ў қасди ҷони Насим Ёдгор кард, – аз дил гузаронид Фирдавси Ҳаким.
– Исто, исто, охир Сарвиноз Насимро чун милиса пиндошт ва шояд аз ҳамин рў ба ў дил дода бошад.
– Бубинед, шавҳаршавандаи ман милиса,– гуфта мақоми хешро дар чашми дугонаҳо ва ҳамкоронаш баланд бардошта бошад. Агар чунин аст, Сарвиноз хабари аз Гулбарги Амон гирифтаашро ба Насим расонида ва дар навбати хеш Насим чун хабаркаши расмии милиса хабари аз арўсшавандааш гирифта– ро ба гўши ҷанобашон (милисаи боло) бурда расонидааст. Чун шоҳиди номатлуб дар чунин ҳолат танҳо Насим мемонад, вале барои то ба дараҷаи минималӣ расонидани таваккал (риск) тағояш ба қатли Шоҳзода ва Малика имзо гузошта аст. Аз чунин амал ба хулосае омадан мумкин ҷинояткор боварии комил дорад, ки ҳамсари мудири бонки саҳомии «Кишоварз» дар бораи вай маълумоте надорад. Чун Гулбарг Амон дар бораи Ёсумани Набот ҳам хабар надошт ва Ёсуманро ё замин кашид ва ё лаълии паррон ба само бурд, дигар Гулбарг Амон ба муқобили ҷинояткор маълумоте надорад ва ташвишу тараддудҳои милиса дар бораи бехатарии зани бевамондаи мудири бонк беасосанд. Ҷинояткорро дигар аз тарафи Гулбарг Амон хатаре таҳдид намекунад, чунки дар ин хусус ў чун шоҳмотбози касбӣ чанд қадами минбаъдаи ҳарифашро ба хубӣ дарк кардааст…
Муфаттиш ғалладони мизи кориашро кушода, хулосаи ташхисҳои аз ЭКО омадаро, ки дирўз бегоҳӣ баъди бозгашт аз беморхона котиба Ситораи Қурбон ба дасташ дода буд, берун овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё