Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ў худи дирўз ба мазмуни натиҷаҳои ташхис шинос шуда буд, вале боз ба қироати онҳо пардохт.
«Розиқ Амон дар натиҷаи гирифтани зарба аз яроқи оташфишон, ки синаашро шикофта, рагҳои асосии хунгардро дар масофаи 0, 5 – 1 см аз қисми болои қафаси дил бурида гузаштааст ва аз хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст». Маҷнуни Замир бо гирифтани зарба аз яроқи оташфишон дар сар ва ба ҳам омехта шудани хун дар майнаи сар бо зиндагӣ падруд гуфтааст» – омада буд дар хулосаи ташхисгоҳи тиббӣ.
… «Ҳамаи нақши ангуштоне, ки ба ташхиси дактилоскопӣ фиристода шудаанд бо нақши ангуштони дар бойгонӣ ЭКО маҳфуз буда муқоиса карда шуданд, вале ягон нақш идентификасияи худро пайдо накард» – гуфта шуда буд дар хулосаи ташхиси дактилоскопӣ.
«Мармии аз фарши лифти бинои 25/4 аз кўчаи Хуросон шаби 8 – ум ба 9 – уми декабр гирифта шуда ҳангоми ташхис ба яке аз гилзаҳои аз даҳлези ошёнаи якум ҳамин бино ёфташуда мутаносиб омад. Ҳангоми гузаштан аз стволи тапончаи навъи Макаров мармии мазкур хусусиятҳои индувидуалии ҳамин тапончаро дар худ таҷассум намудааст. Ҳарчанд пораи дигари қурғошим аз баландии 1 метру 92 сантиметр, ки аз паҳлўи сутуни фўлодин гирифта шудааст, бинобар гум кардани шаклаш ба идентификасия дода нашуд, вале гилзаи дуюми аз ошёнаи якуми бинои 25/4 кўчаи Хуросон ёфташуда худ аз он шаҳодат медиҳад, ки он низ аз ҳамон тапончае паронида шудааст, ки мармии аз фарш ёфташуда ва гилзаи дар паҳлуи вай ёфташуда берун ҷастаанд… Ҳангоми муқоисаи мармӣ ва гилзаҳо бо нақши чунин мармию гилзаҳои дар бойгонии ЭКО буда муайян намудем, ки чунин нақш аз соли 1996 дар бойгонӣ маҳфуз буда, тапончаи мазкур ба собиқ афсари қўшунҳои сарҳадӣ Муродов Барот Сангович вобаст карда шуда буд. Тапончаи мазкур яроқи индувидуалии хизматии капитани қўшунҳои сарҳадӣ Муродов ҳисоб мешуд ва то кунун яроқи мазкур мавриди ҷустуҷў қарор дорад», оварда буд, ташхисгар – баластик дар хулосаи хеш…
Маҳз ташхисгар – баластик тафтишотро ҳушдор месохт, ки бубинед яроқи даҳ сол боз марвиди ҷустуҷўятон қарор дошта имрўз аз ҳастии худ хабар дод. Акнун шитобед то боз ў ба қарни дигар нараваду боз даҳсолаҳо мардум дар ҷустуҷўяш бошанд.

пешина
аз 558
навбатӣ