Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Модоме ки ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматӣ ва ҷойи кори мудири бонки саҳомии «Кишоварз» ягон гиреҳе ёфт нашуд, пас аз манзили истиқоматии ду хабаркаш чӣ бую умед…
– Шояд қадами мубораки хешро ба манзили Ёсумани Набот гузоред, – шунид ў овози дили хеш.
– Кофтуков, кофтукоф чаро ҳама ба ин кофтукови манзил чун занбўр ба ширини часпидаанд.
– Шояд ҳама корро монда аз нав ба «Олами роз» раваму бо Раънои Бозор суҳбат намоям?
– Аҷиб ки баъди таркиши дишаба аз кадом нуги гиреҳ доштанамро намедонам.
– Чӣ бояд кард?»
Ҳар қадар Фирдавсии Ҳаким сари масъалаҳои марбута андешаронӣ намуд, ҳамон қадар муаммоҳои наве ба торҳои асабаш нохун зада, катакчаҳои майнаашро ба «рақс» намудан ҳидоят мекарданд…
«– Эй кош дирўз баъди аз «Олами роз» баромадан як сари қадам ба милиса медаромадаму сипас ҳамроҳи Сорбони Ҳомид ба ҷустуҷўи Сарвинози Зоҳир мебаромадем…
– Дигар аз ин оҳу воҳ суде нест. Беҳтар мешуд, ки таклифи ҳамон милисаро дар бораи кофтуков мепазируфтӣ!
– Ба фикри шумо аз ин кофтуков ягон манфиате ҳаст?
– Аз ноумедиҳо басо умед аст…
– Намедонам ягон умед ҳаст ё на, вале ман наметавонам таклифи Сорбони Ҳомидро, ки дар корҳои ҷустуҷўӣ умри хеш хазон намудааст, рад намоям.»
Фирдавси Ҳаким астағфуриллоҳ гуфта аз ҷойи бархест ва баъди бист дақиқа пой бар остонаи идораи милиса гузошт…
… 33 …
Сарнозири минтақавӣ майори милиса Қурбон Дўст аз ҳузури сардори ШКД Ҳамид Ҷовид бо таъби хира баргашт.
Ҳар он чӣ ки сардори ШКД нисбат ба ў ва зердастонаш гуфт бе муболиға гуфт. Суханони Ҳамид Ҷовид ба Қурбон Дўст ва зердастонаш аз танакорд ҳам талхтар буданд, вале ҳақ буданд.
Қурбон Дўст сари фикру хаёлҳои мухталифе ба пункти такягоҳи ҷамъиятӣ, ки худ сарварии онро ба дўш дошт чӣ тавр расиданашро нафаҳмид. Пункти такягоҳи ҷамъиятӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии чорошёна, воқеъ дар кўчаи Хуросон 18\2 ҷойгир буда, аз панҷ ҳуҷра иборат буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё