Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд соли 1996 дар натиҷаи даргириҳои сиёсӣ саг соҳибашро намеёфт, вале марги афсар на бояд аз мадди назари прокуратураи ҳарбӣ дур мемонд. Фирдавси Ҳаким қарор дод, ки аз фардо дер намонда, ба мақомоти прокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ «пурсиш» – и расмӣ хоҳад фиристод. Ў бори дигар ба хулосаи ташхиси баластикӣ чашм дўхт то рақами он тапончаи «аз қаъри гили сиёҳ» баромадаро бубинад. ПМ – ГВ 1368 барорашии 1988.
Чун ҳодисаи таркиш шаби 11 ба 12 декабр баъди вохўрии дирўзаи ў бо Раънои Бозор рух дод ва худи Раъно баъди ин ҳодиса ҳатто занг назад, муфаттиш ба хулосае омад, ки Раъно Сарвинозро аз ташрифи ў огоҳ намудааст. Сарвиноз бошад дар навбати худ хабарро ба гўши Насим ва Насим чун ҳалқаи занҷир онро ба гўши шефаш расонидааст. Шеф ки чунинашро интизор набудааст ҳарду хабаркашро аз бозӣ бароварданӣ шуда марги гўшношунидеро барои ҳарду ба нақша гирифтааст, чунки дигар ба ёрии онҳо эҳтиёҷе надоштааст. Аҷаб нест, ки ў тариқи Насим бо Ёсумани Набот ҳисобашро баробар накарда бошад. Не, дар ин ҷо айби ҷинояткор ҳам чандон набудагист, чунки бо хабари аз Раънои Бозор гирифтааш ҳарду мехостанд, ки дўсташонро аз ҳаракатҳои тафтишотӣ аз рўйи марги Розиқ Амон ва Маҷнуни Замир огоҳ созанд ва ҳатто ба гўшаи хотир ҳам оварда натавонистанд, ки худи ҳамин хабар боиси бо зиндагӣ падрўд гуфтанашон мегардад.
Душмани дўстнаморо натавон кард илоҷ, Шохаро мурғ чӣ донад, ки қафас хоҳад шуд, ба ёд овард муфаттиши прокуратура сухани Ҳофизи Шерозиро ва ба хулосае омад, ки Сарвинозу Насим бо гурге дўстии хеш пайваста буданд, ки ҷомаи меш ба бар карда…
Муфаттиш ба ёд овард, ки Сорбони Ҳомид на барои он занг зада буд, ки ўро аз рафти ин воқеаҳои шум огоҳ созад.
Мақсаду мароми занг зананда тамоман дигар буд.
«– Чӣ хел дигар?– нидо омад аз қалбаш.
– Қариб фаромўш карда будам, о Сорбони Ҳомид гузаронидани кофтуковро дар манзили Сарвинози Зоҳир ва Насим Ёдгор талаб карда буд. Ман бошам сари андешаҳои бесару нуги хеш миёни ин чор девори бетони чарх мезанаму чарх…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё