Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муовини сардори РКД – и шаҳри Ховарон полковники милиса Ҳотам Илёс дар зоҳир марди ниҳоят ҳалиму меҳрубон ва хушмуомила аст. Ҳар кас боре бо ин ҳомии қонун рў ба рў омада бошад, ўро дар курсии вазирӣ дидан мехоҳад. Аммо ин танҳо дар мадди аввал, дар зоҳир аст. Зоҳирпарастӣ бошад ин нишонаи одамшиносӣ нест…
Занги телефон садо доду Ҳотам Илёс гўшакро бардошт…
– Бале, ман.
– Корҳо сад дар сад.
– Бисёр хуб. То ба тайёра нишастанаш ўро аз мадди назар дур насоз, – гўён Ҳотам Илёс гўшакро ба ҷояш гузошта, ҷисми хешро пурра ба курсӣ партофта, зери лаб ғунгос зад: ҳар кӣ надонад ҷойи худ, охир шиканад пой худ…
Корҳо сад дар сад гуфтани мусоҳибашро, ки тариқи телефон лаҳзае пеш ў шунид танҳо худаш медонаду Худо. Чунин суханро ягон размкушои дунё намеёбад. Ёбу қандата хур. Сад дар сад. Яъне ҳам худашу ҳам муҳофизашро ба дорулбақо роҳхат додааст. Офарин Насим! Кӣ ба гўшаи хотир меорад, ки чунин як рўзноманигори варзида, ки як умр бо олами ҷиноӣ даст ба гиребон буд, худ даст ба ҷиноят мезанад. Акнун Насим то ўро ба Москва гусел накунад, фурудгоҳро тарк нахоҳад кард.
Ҳафтае пеш Ҳотам Илёс дар яке аз шабнишиниҳо, ки аслан ашрофзодагон гирд омада буданд Розиқ Амонро дид ва изҳори нигаронӣ бар он намуд, ки моҳи ноябр тамом шуда бошад ҳам, ў ҳиссаи хеш нагирифтааст.
– Ман назди шумо дигар ягон уҳдадорие надорам,– гуфт Розиқ Амон.
– Ба доно ишорат, ба нодон калтак гуфтагӣ барин Ҳотам Илёс дар ҳамин ҷо дар дилаш ба тақдири ояндаи Розиқ Амон хати батлон кашид. Баъди он маҳфил ўро хоб набурд. Ў то кунун чунин бадгуҳареро надида буд. Магар полковник Ҳотам Илёс метавонист, ки ба суханони Розиқ Амон муросо намояд.
Муддати ин солҳо ў он қадар шахсиятҳоро дар атрофи хеш гирд оварда буд, ки ҳисобаш гум.

пешина
аз 558
навбатӣ