Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ва илова кард:
– Албатта, дар он вақт ман ба он нақши пой дуруст аҳамият надодам, вале аниқ гуфта метавонам, ки нақшҳои ҳарду тарафи роҳ як буданд.
Не, акнун аз он нақшҳо нишоне намонда буд, чунки онҳоро барф пўшонида буд ва баҳри гирифтани онҳо дигар ягон илм ҳам қодир набуд…
Ин даъфа табиати каҷрафтор ба нафъи худи ҷинояткор кор карда буд. Гурўҳи тафтишотӣ сараввал ба суханони мудири «Мағозаи молҳои омехта» қариб аз паси панҷа нигаранд, вале чун фаҳмиданд, ки ў ҳамсари собиқ корманди милиса Виктор Николаевич Самохин аст, андеша намуданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ. Сорбони Ҳомид ба ёд овард, ки се сол пеш сарваколатдори шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил подполковник Виктор Николаевич Самохин ҳангоми дастгир кардани ҷинояткори мусаллаҳ сахт захмин шуда, баъди ду рўз дар беморхона ҷон дод. Ҳамааш гўё дирўз буд. Сорбони Ҳомид ҳатто дар ҷанозаи Виктор Николаевич иштирок дошт. Ў фақат як чизро нафаҳ– мид, ки чаро ҳамсари Виктор Николаевич дар кўчаи Айнӣ нею дар кўчаи Хуросон зиндагӣ дорад? Дар ин бора ў чизе напурсид, нахост дили ҳамсари Виктор Николаевичро ҳазин созад.
Ба замми ин дар ин лаҳзаҳо вақти пурсиш ё бод кардани коҳи кўҳна ҳам набуд, зеро бояд онҳо аз ин ҷинояти мудҳиш осоре ҷустуҷў мекарданд. Акнун ба ҷуз ёфтани он ду дилдода дигар чорае намонда буд, вале ин ба гуфтан осон буд. Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса соати 2100 анҷом ёфт. Дар ин муддат гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ ба ҷуз Самохина Е.А. боз чор - панҷ нафари дигарро ҳам пурсидаанд. Аз рўйи нишондоди Самохина ба хулосае омаданд, ки ҷиноят дар ҳамин ошёнаи якуми бино ба анҷом расонида шуда, ҷисми беҷони ду нафарро худи ҷинояткор тариқи лифт ба боло фиристодааст. Екатерина Андреевна гуфт, ки баъди зер намудани тугмачаи даъвати лифт хело интизор шуд. Аз ин бармеояд, ки лифт дар лаҳзаи даъват дар ошёнаи охирини бино будааст.
Соати 2130 дақиқа гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ ба идораи милиса омаданд. Чун дар ин ҳолати шаб дар прокуратура касе набуд, муфаттиш ҳам ҳамроҳи гурўҳи тафтишотӣ дар идораи милиса монд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё