Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки онҳо ба деҳаи Тангаӣ расиданд, чанд тан дар пеши мағоза, дар тарафи чапи роҳ сари суҳбат қарор доштанд.
Автомашинаи милиса аз назди мағоза гузашта, ба тарафи рост ба самти ҷойи ҳодиса тоб хурд, ҳамон милисае, ки бо либоси ғайринизомӣ паҳлуи ронанда менишаст ва эҳтимол сарварии ин гурўҳи ба ҷойи ҳодиса рафтаро ба дўш дошт, нафареро ки сари гардиш истода буду бо ду дасти адаб ба милисаҳо салом дод дида гуфт:
– Бачаи акаи Чилла.
– Ҳа, ман, – аз қафо садо дод Бекназар.
– Гови шуморо ана ҳамин мардаки дар сари гардиш буда дуздидааст.
– Ин хел нагўед ака, охир ў ҳамсояи мост, мо нону намакхурем. Шунавад хафа мешавад. Ба замми ин ў ҷўраи падарам аст, – эътироз намуд Бекназар.
– Ҳар кӣ ҳам бошад гови шуморо ана ҳамин мардак дуздидааст, – сухани хешро такрор кард Абдухолиқов ва боз Бекназар калонгарона фикри ўро рад кард.
Чун онҳо ба ҳавлии бобои Чилла расиданд соҳибхона аллакай он ҷо буд ва ба суоли милисаҳо посух гуфт. Сипас, бо амри роҳбари гурўҳ оғилхона ва гирду атрофи онро аз назар гузарониданд. Чун ҳам хона ва ҳам оғилхонаи бобои Чилла дар як гўшаи деҳаи Тангаӣ воқеъ буд ва баъди он ҳавлӣ замини кишт сар мешуд, ҷустуҷўйи нақшҳо вақти зиёдеро ҳам нагирифт. Болои замини мулоим, ки ҳанўз барф дошт як нишонае аз ҳодисаи дуздӣ бараъло ба чашм расид, ки то кунун он лаҳза аз ёди Қудрати Ғайрат нарафтааст.
Дар рўйи барф ҳашт нақши пой – кетӣ (пойпуши спортии ҳамон солҳо), ки чортои он ба пеш ва чори дигар ба қафо мерафт, рўйи заминро оро медод. Маълум буд, ки говро кетӣ пушонида, то ба рўйи роҳи калон, ки панҷсад– шашсад метр аз хонаи бобои Чилла дуртар буд, бароварданд. Кетиҳои гови дуздидашуда ба самти қафо ба тарафи деҳа нигоҳ мекарданд ва ҷойи пайи он аз рўйи вазни гов бошад нисбат ба пайҳои ба самти роҳ нигоҳкунанда чуқуртар менамуд. Ташхисгар – криминалист бо гаҷ чанд слепкаи он кетиҳоро гирифт…

пешина
аз 558
навбатӣ