Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар чӣ шуду чӣ не Қудрат нафаҳмид, вале баъди ду ҳафта дар он рўзе ки бобои Қудрат дар деҳаи Нозиробод даргузашт, хабар омад, ки Чилла бо ёрии милисаҳо гови гумшударо ёфта, ба хонааш овардааст…
Воқеа аслан чун филмҳои детективӣ шудааст. Он рўзи якшанбе боз бобои Чилла ба бозори чорвои Янгибозор рафтааст ва дидааст, ки марде гови ўро нияти фурўхтан дорад. Мўйсафед ба милиса хабар додааст, ки ана ҳамон гови маро вай мард фурўхта истодааст. Милисаҳо дар чунин ҳолатҳо чун бало амал мекунанд ва он мард чӣ тавр ба дом афтиданашро қариб, ки нафаҳмидааст. Чун милисаҳо дар ҳамон ҷо аниқ намуданд, ки гови мефурўхташуда ҳамон гови ду ҳафта пештар дуздидашуда аст, банди говро ба дасти Чиллаи дарвозӣ дода, говфурўшро ба милиса бурданд.
Он мард чӣ тавр аз кӣ харидани говро гуфта додааст ва ба суолҳои милисаҳо посух додааст, ки ҳарчанд ному насаб ва манзили истиқомати он мардеро, ки ду ҳафта пеш ин говро бо нархи 700 рубл (пули с.1961) ба ў фурўхтааст надонад ҳам, вале агар ўро бубинад мешиносадаш, ана дар ҳамин лаҳза боз Хайриддин Абдухолиқов амр намудааст, ки рафта ҳамон ҳамсояи Чиллабойро аз деҳаи Тангаӣ биёранд.
– Кадом ҳамсояашро,– пурсидааст кадоме аз милисаҳо.
– Азиз худаш медонад.
То нимаи дуюми рўз Азиз ҳамон марди дар сари гардиши роҳи Тангаӣ бударо ба милиса ҳозир намудааст ва он марди аз деҳаи Чағатайи поён ба говфурўшӣ омада, ҳамсояи Чиллаи дарвозиро дар байни панҷ нафар бегуноҳон бе ягон дудилагӣ шинохтааст…
Чун Қудрат Ғайрат аз анҷоми ин ҳодиса огоҳ шуд ба худ қавл дод, ки хонда милиса мешавад. Милисае, ки чун Хайриддини Абдухолиқ дуздро дар як нигоҳ шиносад. Баъди хатми мактаби милиса Қудрат Ғайратро ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ноҳияи Сарчашма таъин намуданд. Касби интихоб намудаи Қудрат танҳо ба бародараш Давлатшо ва хоҳараш Меҳрӣ маъқул аст. Саидшо, Нигина ва Шарофат бошанд касби бародарро хуш надоранд…
– Хуш, чӣ гапҳои нав? – ниҳоят аз болои қоғазҳо сар бардошта пурсид Қурбон Дўст.
– Ман он ду дилдодаро ёфтам.

пешина
аз 558
навбатӣ