Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О вай мудири мағозаи мегуфтагиатонро аз мисс Марпл14 ҳам боло гузоштед– ку,– эътироз намуд Робиаи Мансур.
– Шумо маро каме нодуруст фаҳмидед. Мудири мағоза ҳамаи ин ҳолатҳоро танҳо баъди оне ба ёд овардааст, ки вориди бино шуда, тугмачаи лифтро зер намудааст ва чун лифт ба майдончаи ошёнаи якум омадаасту дарҳояш кушода шуданд.
– Чӣ кушодашавии дари лифт ҳам таваҷҷуҳи мудири мағозаро бедор намудааст? Шумо боварӣ доред, ки вай ҳам чун мисс Марпл дар кушодани муаммоҳои печ дар печ ба милиса ёрӣ медиҳад?
– Ин ҷо гап дар сари ёрӣ намеравад.
– Пас гап дар сари чӣ меравад, наход мудири мағоза аз милиса дида ба нақши пойҳои мардум таваҷҷуҳи бештаре дошта бошад?
– Ҳамаи гап дар сари он аст, ки чун лифт ба поён омадаасту дарҳояш кушода шуданд, дар дохили лифт ҷисми беҷони ҳамон ду нафаре, ки дар боло гуфта гузаштам мехобиданд.
– Ва мудири мағоза ба хулосае омадааст, ки ҳамон марди дар тарафи автомашинаи жигули дидааш қотил аст? – талх карда гуфт ў.
– Чун ман худам ба ҷойи ҳодиса нарафта будам, аниқашро намедонам, вале аз рўйи шунидам нақши пойи дар паҳлуи автомашина дидаашро ба ҷуз дар роҳ дидан боз дар баромадгоҳи ҳамон бино ҳам дида будааст. Чун ҳамон шаб барф бо тамоми ҳастиаш ба сайри замин баромада буд ва мардум кайҳо вориди манзилҳои хеш шуда буданд, танҳо нақши ҳамон як пай боиси таваҷҷуҳи мо гаштааст.
– О шумо гуфтед, ки мудири мағоза лифтро худаш даъват намудааст.
– Ҳа, гуфтам.
– Оё милиса шуда андеша накардед, ки ҷиноят дар ошёнаҳои боло рух додааст ва шояд он шахсе, ки акнун гумонбараш ҳастед, ҳатто аз бино набаромада вориди кадом ҳуҷрае аз он бино шудааст ва ба тарафи лифт қадаме ҳам нагузоштааст. Ман шахсан дар ҳамин андешаам ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки ҳамон марди аз паҳлуи мо гузашта истода бештар ба олим монанд буд на ба қотил.

пешина
аз 558
навбатӣ