Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чӣ, чӣ гуфтӣ? – қариб аз ҷой парида хеста пурсид Қурбон Дўст.
– Ман он ду дилдодаро ёфтам.
– Аз куҷо, кай?
– Соате пештар.
– О чаро ҳамин суханро пештар нагуфтӣ?
– Чунки …
– Чунки ман ба худат имконияти сухан гуфтан надодам.
Хуш, акнун ҳамаашро нарезондаю начаконда нақл мекунӣ, ё …
– Ё…
– Ҳаминаш беҳтар мешавад.
Қудрат Ғайрат нағз мефаҳмид, ки аз сухани хушку холӣ дида сарнозири минтақавӣ гузориши хаттиро бештар хуш дорад, бинобар ҳамин ў сухане ба забон наоварда, чанд коғази сафедеро пеши худ гузошт ва дар бораи он ду дилдода гузориш навишт. Баъди ним соат Қурбон Дўст бо гузориши зердаст Қудрат Ғайрат ба ШКД рафт…
…34…
Робиаи Мансур баъди рафтани лейтенанти милиса Қудрат
Ғайрат бори аввал боз он шаби пурбарфро ба ёд овард. Ў дар
ҳақиқат ба нозири минтақавӣ гуфта дод, ки ҳамон шаб соатҳои
19.05 дақиқа дар пеши манзили истиқоматиашон аз ҷавони
дўстдоштааш Шодмони Сафар ҷудо шуд ва чун ба хона омад
дар зери борони таънаю маломати модараш монд. Ҳар он чӣ ки
ў ба милиса гуфт бори дигар дар мизони ақл ҳамаи он
гуфтаҳоро баркашидани шуд, то бифаҳмад, ки боз чӣ ногуфта
монд. Аз гуфтаҳои Қудрат Ғайрат ҳамин қадар фаҳмид, ки
ҳамон шаб тахминан соатҳои 18.55 дақиқа тариқи яроқи
оташфишон дар ошёнаи якуми бинои 25\4– и кўчаи Хуросон ду
нафар ба қатл расонида шудаанд ва расо соати 19.00 мудири
мағозаи дар самти муқобили роҳ буда, аз бинои мағоза берун
шуда нафареро паҳлуи тарафи рости автомашинаи жигули рангаш кабуд дидааст, ки ба ҳамон самти бинои 25\4 наззора дорад
ва боз дар рўшноии чароғи барқӣ ду нафарро дидааст, ки аз
паҳлуи бинои мазкур гузашта, ба самти дарунтари ҳамон
маҳалла ҳаракат намуданд. Чун мудири мағоза нақши пойи
ҳамон марди дар паҳлуи автомашина бударо дар қисмати дигари роҳ ҳам дидааст ва боз дар муқобили ҳамон нақш ду нақши пой аз ҷумла як нақши туфлии занона ва дигараш мардона дар интиҳо ба хулосае омадааст, ки шахсони ба муқобили ҳам ҳаракаткунанда дар масофаи хело наздик аз паҳлуи ҳамдигар гузаштаанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё