Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун Робиаи Мансур низ чун милисаҳо сари масъалаи куштори ду тан дар кўчаи Хуросон андеша дошт…

… 35 …

Ташрифи сарнозири минтақавӣ Қурбон Дўст ба дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба вақте рост омад, ки Сорбони Ҳомид ҳамроҳи муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким оид ба натиҷаи кофтуков дар манзили Насим Ёдгор ва Сарвинози Зоҳир сари баҳс қарор доштанд. Шояд кофтуков дар ҳарду манзил бе натиҷа анҷом ёфта буд, ки аҳли нишаст муҳри хомўшӣ ба лаб зада, бо як таваҷҷуҳе ба сўи вай назар карданд.
Қурбон Дўст, ки тайи чанд рўз дар ҷустуҷўи ду дилдода, хуни дил хўрдаву заволи кори хеш ҳис намуда, яку якбора нурро аз паси пардаи зулмат бурун овардан нахост. Чун ў ба курсие дар рў ба рўйи муфаттиш нишаст, сараввал ҷисми ба қавле афгори хешро ба курсӣ такя дода, оҳи сабуке кашид, сипас ҷузвдони чарминеро, ки бо худ оварда буд, кушода аз дохили он чанд варақро берун оварда пеши хеш гузошт, сипас ҳар як варақаро аз нав такурў намуд ва бо ин васила таваҷҷуҳи Сорбони Ҳомид ва Фирдавси Ҳакимро нисбат ба худ боз ҳам зиёдтар намуд.
– Хуш, гап занед, – гуфт Фирдавси Ҳаким.
– Чӣ гўям? – гуфт Қурбон Дўст.
– Охир мо аз куҷо донем, ки шуморо чӣ дарду доғе дар дил аст ва аз ин қоғазбарорию тараддудатон гумон кардем, ки ҷинояткорро дастгир намудаеду моро бо вай шинос хоҳед кард,– гуфт муфаттиш.
– Ҷинояткорро ку не, вале шахсияти яке аз ҳамон нафаронеро ки дар зери чатр аз паҳлуи бинои 25/4 – и кўчаи Хуросон гузаштаанд ва аз чашми «ҷаҳонбинӣ» Екатерина Андреевна дур намондаанд муайян намудем.
– Хуш, кӣ будааст он кас? – суол дод Сорбони Ҳомид.
– Ҳамааш ҳамин ҷо, марҳамат метавонед шинос шавед,– гўён Қурбон Дўст варақаҳои дар пешаш бударо каме ба тарафи шахси дар рў ба рўяш нишаста тела дод.

пешина
аз 558
навбатӣ