Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Муфаттиш қоғазҳои болои миз бударо яку якбора ба ҳадди 180 дараҷа тоб дода, дар як нигоҳ варақаи аз боло бударо, ки аслан гузориши нозири минтақавӣ Кудрат Ғайрат буд, бардошта ба дасти Сорбони Ҳомид дод. Худаш бошад ба қироати нишондоди Робиаи Мансур оғоз кард. Сипас нишондоди Робиаи Мансурро низ ба дасти Сорбон Ҳомид дод ва худ чун Қурбон Дўст, ки алаккай сари кадом кору боре андеша дошт ба фикр фурў рафт…
– Ҳарчанд нишондоди Робиаи Мансур қариб, ки баҳри тафтишот бе қурб буд, вале муфаттиш Фирдавси Ҳаким онро чун нур дар зулмот дид. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки тайи солҳои дар прокуратура кор кардан ў на як бору ду бор бо чунин шоҳидон рў ба рў шуда буд. Муҳимаш ҳамин буд, ки ба чашми Робиаи Мансур симои марди ба тарафи онҳо ҳаракаткунанда шинос намудааст. Модоме ки чунин аст тафтишот имконияти пурра дорад, ки расми Насим Ёдгорро барои шиносӣ ба ў пешниҳод намояд, ҳарчанд аз рўйи тафаккури мантиқӣ Сорбони Ҳомид ба таври ростхата даст доштани Насим Ёдгорро дар он куштор рад намуд.
Баробари қоғазҳоро болои миз гузоштани Сорбони Ҳомид муфаттиши прокуратура назари вайро дар ин бора фаҳмидан хост.
– Ба фикрам Робиаи Мансур ягон ҳолатеро аз нозири минтақавӣ Қудрат Ғайрат пинҳон накардааст, вале ман бар он ақидаам, ки ў на ҳама ҳолати корро ба ёд овардааст.
– Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
– Аз эҳтимол дур нест, ки Робиаи Мансур аз ташрифи ногаҳонии Қудрат Ғайрат каме, ҳам бошад дасту по хўрда, худро гум накарда бошад. То ҳамон лаҳзаи ташрифи лейтенанти милиса ў ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовардааст, ки ҳамон шаб аз паҳлуи биное, ки онҳо гузаштаанд, ду нафар дар дохили лифт ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудаанд ва дар куштор милиса онеро гумонбар аст, ки ҳангоми аз роҳи калон гузаштан ба онҳо рў ба рў омада. Барои ҳаматарафа ба ёд овардани ҳамон лаҳзаи рў ба рў шудан бо гумонбаршуда вақт лозим аст, чунки коркарди ҳама гуна ахбор дар майна вақтро талаб мекунад ва Робиаи Мансур дар як вақт наметавонист ҳам ба суолҳои Қудрат Ғайрат ҷавоб гўяд ва ҳам наззораро аз болои катакчаҳои майнаи хеш пурзўр намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё