Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Магар ў аз нишондоди аввалаи хеш даст мекашад, – талх карда гуфт Фирдавси Ҳаким.
– Не, ў дурўғе нагуфтааст, ки аз суханонаш шарм дорад, ҳақиқати ҳолро гуфтааст ва ростиро заволе ба ҷаҳон нест ва ман боварӣ дорам, ки дар вохўрии навбатӣ Робиаи Мансур ҳамон ҳалқаи норасои шаддаро ҷо ба ҷо хоҳад кард.
– Шояд ўро худи ҳозир ҷеғ зада, норасоии шаддаро барқарор намоем.
– Танҳо имрўз не, барои барқарор намудани тафаккур чун ҷароҳатҳои худи инсон вақт лозим аст. Аз ҳамин лиҳоз вақтро довари ҳақ ном мебаранд.
– Бо Шодмони Сафар чӣ кунем?
– Баробари бозгашт аз сафари хизматӣ Робиаи Мансур даъватномаро ба дасташ медодаст. Аз ҳамин рў ҷойи хавотир шудан нест.
– Натиҷаи кофтуков дар манзили шахсӣ чӣ шуд?– бори аввал бо суоле ба дигар аъзоёни гурўҳи фаврӣ тафтишотӣ муроҷиат намуда пурсид Қурбон Дўст.
– Ҳамааш бе натиҷа, – бо таассуф бигуфт соҳиби дафтари корӣ.
– Чӣ ҷойи таассуф мо ҳамон амалеро ба анҷом расонидем, ки худи қонун гузаронидаашро дар чунин мавридҳо ҳатми шумурдааст, – гуфт муфаттиш.
– Охир мо дар ин муддат метавонистем ягон кори дигарро ба анҷом расонем.
– Боке нест. Намози фарз вақти муайянро талаб мекунад ва чун вақт бошаду мо аз коҳилии худ онро қазо хонем, савобро дар нахоҳем ёфт. Бе гузаронидани кофтуков дар он ду манзил, ки чун фарз дар гарданамон овезон буд, магар мо метавонистем ба дигар кор даст занем, – пурсид Фирдавси Ҳаким.
Сорбони Ҳомид аз посухи муфаттиш ба хулосае омад, ки аз бебарор анҷом ёфтани амалёте, ки вай пешниҳод карда буд, муфаттиш хафа нест ва ҳамин кофӣ буд дар ҳамдигарфаҳмӣ.
– Ман бисёр мехостам худи ҳозир бо Раънои Бозор вохўрам, – гуфт муфаттиш.
– Шумо гумон доред, ки дирўз баъди суҳбати хоса ў ба дугонааш занг задааст?
– Ман ўро огоҳ намуда будам, ки суҳбати мо аз байни ҳамон чор девори бетонӣ бурун нашавад, вале баъди чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо дилам гувоҳӣ медиҳад, ки он суҳбат аз муҳит берун ҷаставу то ба гўши Сарвиноз расида аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё