Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтар, ки шабгард шуду шарму ҳайро пеши по зад ба ҷазои Офаридгор дучор шуд.
– О сода будаи Малоҳат, ҳарчӣ ба сари Сарвиноз омадааст, ин аз тақдири Худованд беш нест. Ҳастанд духтароне, ки бечора Сарвиноз ба шогирдии онҳо ҳам намеарзид, вале бе ягон бало аз ҳама хавфу хатар эмин гаштаанд.
– Дар натиҷаи чӣ таркиш ба амал омадааст, ҳамсояатон нагуфт?
– Гуфт, ки дар дохили автомашина норинҷак таркидааст ва боз чор автомашинаи дигар ҳам ба ҳамдигар бархўрдаанд, ки дар натиҷа боз чанд нафар ярадор шудааст.
– Қиёмат шудааст, – гўй?
– Ҳа, қиёмат. Аҷиб, ки ҳамин ҳодисаро дирўз тариқи оинаи нилгун хабар доданду мо ба он аҳмият надодем.
– Ман худам ҳам шунидам, вале ному насаби фавтидагонро нагуфтанд.
– Эҳтимол дар он лаҳзаҳо ба хотири корҳои тафтишотӣ аз гуфтани ному насаби фавтидагон худдорӣ кардаанд.
– Кӣ медонад?
– Хайр дар амони Худо бош, – гўён Малоҳат гўшаки телефонро ба ҷояш гузошт.
Ба гуд – гуди телефон ҳам нигоҳ накарда Раънои Бозор боз чанд муддат пеши телефон рост монд. Ў акнун ба ёд овард, ки ба суханони муфаттиш Фирдавси Ҳаким гўш надода дугонаашро бо дасти худ ба вартаи оташ тела дод…
– Акнун чӣ мешуда бошад?– зери лаб ғунгос зад Раъно ва гўшаки телефони то ҳанўз дар дасташ бударо ба ҷояш гузошт.
– Дигар чӣ ҳам мешуд, кори шудагӣ алаккай шуд, – нидо омад аз қалбаш.
– Чӣ сабаб шуду дар ин нисфи шаб Сарвиноз ба самти муқобили манзили истиқоматиаш рафтанӣ шудааст.
– Гўё ки намедонӣ?
– Чиро?
– Мақсади шабгардии дугонаатро.
– Рўзӣ насиби кас ба нишастан намешавад.
Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт17.
– Бубин, ки то ба куҷоҳо рафт!
– Аз тақдир роҳи гурез нест.

пешина
аз 558
навбатӣ