Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Баҳс намекунам, вале рафту агар ту насиҳати муфаттиш, чӣ буд ному насабаш?
– Фирдавси Ҳаким.
– Ҳа, агар аз гуфтаҳои Фирдавси Ҳаким сар намепечидӣ, дар хуни дугонаат шарик намешудӣ.
– Гуфтам– ку ҳамааш аз тақдир будааст.
– Гуфтӣ, гуфтем, дигар чӣ суд аз ҳама ин гуфтаҳо, о аз сухане, ки касро ба зери дор мебарад, ногуфтанаш ҳазорон маротиба алвотар аст.
– Наход таркиш ба он занги телефонӣ алоқае дошта бошад.
– Мусоҳибаи дирўзаи хешро бо муфаттиш ба ёд биёр!
«– Оё сабаби аз «Олами роз» рафтани Сарвинозро намедонед?
– Не.
– Рафту агар Сарвиноз занг зад, рақами телефон ва суроғааашро пурсед ва ана бо ин телефон ба прократура занг занед.
– Шояд рақами телефонро ба Сарвиноз диҳам, ки ба шумо занг занад?
– Хуб мешуд, ки ҳамон гуфтаи маро иҷро мекардед.
– Чӣ Сарвиноз ягон ҷиноят содир намудааст?
– Не, вале дар ҳодисае ў шоҳид аст. Шоҳиде, ки метавонад дар кушодани ҷинояте ба тафтишот ёрӣ диҳад ва рафту агар ҷинояткор аз мақсаду мароми мо огоҳ гардад, аҷаб нест ўро чун шоҳиди номақбул аз байн набарад….
– Ман ки ишораи доно нафаҳмидам акнун калтак хурданам ҳам аз эҳтимол дур нест. Аҷаб нест, ки телефони хонаи Сарвинозро кадом гурўҳи манфиатдоре мавриди наззораи хеш қарор надода бошад. Чун ман ўро аз ташрифи муфаттиши прокуратура ва мақсаду мароми вай ба «Олами роз» огоҳ намудам ба пўстини онҳое, ки Сарвиноз аз кору пайкорашон огоҳ будааст, кайк даромадааст.
– Ба бехатарии худат боварӣ дорӣ?
– Худи банда дар бораи алоқаи Сарвиноз бо ҷинояткор огоҳ нестам, гумон мекунам, ки хатаре ба ман таҳдид намекунад.
– Рафту…

пешина
аз 558
навбатӣ