Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ гап не, ман розӣ.
– Шумо маро нафаҳмидед.
– Чӣ хел нафаҳмидам?
– Сад ҳазор доллар ин ба гуфтан осон.
– Ман бошам гумон намудам, ки сад ҳазор сомонӣ.
– Бо сад ҳазор сомонӣ магар кас ҷонашро дар хатар мемонад?
– Намедонам чӣ гўям?
– Чӣ ҳам мегуфтед? Чун сарвари бонк шавед сад ҳазор доларро дар байни як – ду моҳ меёбед.
– Бале, дуруст, вале…
– Нахоҳед, ман маҷбур намекунам, – гўён Ҳотам Илёс аз ҷой бархест ва бо пешхизмат ҳисоби кардан хост.
– Ман худам, – гўён дўсти мансабталабаш як дусадсомонаро ба дасти пешхизмат дода, бақияаш лозим нест гуфт ва ҳарду аз тарабхона берун шуданд.
Шояд он мард чандин соли охир дар талоши мансаб ва дар орзуи вазифаю курсӣ буд, ки ҳеҷ аз Ҳотам Илёс ҷудо шудан намехост.
– Ҳотам– ако ман як фикр намоям, фардо занг мезанам,– гуфт пеш аз ба таксӣ нишастан он мард.
– Мо ҳамеша дар хизмати шумо.
Чун таксӣ бирафт, Ҳотам Илёс рақами он ба дафтари хотироташ сабт кард ва ҳамчунин тугмачаи диктофонро низ дуюмбора пахш намуд. Агар сабти овоз дуруст омада бошад ҳаминаш ҳам басанда, ки «ҷанобашонро» гоҳ – гоҳ афшонад.
Вале барои афшондани «ҷанобашон» ҳоҷат нашуд, чунки субҳи рўзи дигар эшон занг зада гуфтанд, ки метавонанд аз ҳамон маблағи гуфтагӣ бистоаш камтарро дар ин кори хайр харҷ намоянд.
– Ду рўз пас боз занг занед, ман ин хабари шуморо ба мутасаддиён мерасонам, – гўён полковники милиса гўшакро ба ҷояш гузошт.
Мутасаддиён киҳо буданд? Он мансабталаб чизе нафаҳмид, вале ба ояндаи неки кор умед баст.
Худи ҳамон бегоҳ бошад ў дар тарабхонаи «Бону» бо он рўзноманигори аламзада тасодуфан вохўрд ва чун фардояш Насим андешаҳояшро баён кард, Ҳотам Илёс баъди занг задании корманди бонки «Кишоварз», ки шояд дар ду шаби охир курсии сарвари бонк аз мадди назараш дар хоб ҳам дур намешуд, баҳри ба сари мансаб овардани ў розигии хешро дод…

пешина
аз 558
навбатӣ