Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Занги телефон боз садо доду Ҳотам Илёс аз байни андешаҳои хеш берун шуда гўшакро бардошт.
– Рафиқ полковник, автомашина дар пеши даромадгоҳ,– хабар дод навбатдор.
– Ман ҳозир, – гўён Ҳотам Илёс аз ҷой бархоста, чароғро хомўш карда берун баромад. Навбатдор ўро то пеши автомашинаи хизматиаш гусел намуд.
– Аллакай зимистон шуд, – гуфт муовини сардори раёсат.
– Як ҳафтаи зимистон аллакай гузашт рафиқ полковник, – гуфт навбатдор.
Баробари ба курсии қафои автомашинаи ГАЗ - 31 – 10 нишастан Ҳотам Илёс амр кард:
– Ба хона.
– Ҳамсараш ўро дар даромадгоҳи хона пешвоз гирифт ва Ҳотам Илёс аз рўйи одаташ сараввал ба хонаи кории фарзандонаш даромад. Дар ин ҷода ў ниҳоят марди сахтгир буд.
Ҳамеша хониши фарзандонро дар мадди аввал мегузошт. Чун пой ба остонаи хонаи кории фарзандон гузошт, Камол ва Шаҳноза, ки яке сари мизи компютер буду дигаре машғули расмкашӣ ба истиқболи падар аз ҷой бархостанд. Ҳар кадоме бо навбат дар бораи хониши худ ва баҳои гирифтаашон ба падар ҳисобот доданд…
Аз он ки Камол имсол баъди хатми мактаби миёна касби падарро пеша накард, Ҳотам Илёс хафа шуд. Ў бисёр мехост, ки баъди хатми мактаби миёна Камол ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии яке аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ супорад, вале Камолро шояд касби падар маъқул набуд, ки ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодӣ супурд.
Ҳарчанд падар аз ин кор димоғаш сўхт ва дар имтиҳонҳои қабул дасти якаписараш нагирифт, вале худи Камол имтиҳонҳои дохилшавиро бо муваффақият супорида, донишҷў шуд. Боре ба пурсиши модараш, ки чаро Камол касби падарро пеша накард, ў чунин посух дод:
– Аз гурбаи дузд дида ман ба муш эҳтироми бештар дорам, очаҷон.

пешина
аз 558
навбатӣ