Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Тасаввур намоед, ки назоратчӣ мисли ҳама дар истгоҳ, дар сармо истодааст ва чун ҳамагон вориди нақлиёти шаҳрӣ шуданду дарҳоро пўшидаанд, ў овоз рўшан мекунад:
– Канӣ бачаҳо чиптаҳоятонро нишон диҳед ва вой бар ҳоли он нафар, ки чипта нагирифтааст. Рўзноманигорон ҳам ҳамчунин бо як мулоимати ҳамроҳат суҳбат мекунанд, ки фардеро аз онҳо наҷибтар ба ёд оварда наметавонӣ, сирри дили хеш ошкор месозӣ ва фардо хоҳӣ дид, ки он марди наҷиб тавассути рўзномае ба пўстат коҳ ҷой намудааст, мисли ҳамон рўзноманигоре ки мақолаи «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…»–ро рўйи чоп оварда буд.
– Ба сардор чӣ бало зада бошад, ё аллакай ҳамаро дар атрофи «фаъолияти» банда медонаду худро ба гумроҳӣ андохта маро аз элак гузаронидан мехоҳад, – аз дил гузаронд Ҳотам Илёс ва бо овози шунаво гуфт: – магар санҷиши он мақоларо низ ба зиммаи мо гузоштанд?
– Имрўз дар маҷлиси назди вазир боз сари ҳамин масъала баргаштанд. Роҳбари вазорат аз суст будани мубориза алайҳи коррупсия изҳори нигаронӣ намуда қайд кард, ки мақомоти милиса ҳаттто ба фурў бурдани луқмаи тайёр омода нест. Шумо маро мефаҳмед?
– Албатта.
– Ман аз шумо Ҳотам Илёсович мепурсам, не дурустараш талаб мекунам, ки аз фардо дер намонда сари мақолаи мазкур, ки дар рўзномаи «Айём» чоп шудааст, андеша намоед.
– Фақтҳои дар матбуот чопшуда ҳам санҷиши дақиқро талаб мекунанд?
– Чӣ магар касе сади роҳи шумо шудааст?
– Не.
– Пас ин ҳама дудилагиатонро сабаб чист?
– Беҳтар мешуд, ки то ҳаллу фасли масъалаи теракт аз ҳама санҷишҳои дигар худдорӣ мекардем.
– Милиса метавонад аз ду самт ба ҳуҷум гузарад ва самти мубориза алайҳи коррупсияро ба зиммаи шумо месупорам.
Теракт бошад то кунун аз назаряе беш нест ва рафту агар он тасдиқи хеш ёбад сарпарастии онро ба зиммаи подполковник Сендеров18 месупорам.
Вақт ин даъфа на танҳо ба нафъи Алексей Владимирович Сендеров, балки ба фоидаи худи вай ҳам кор кард. Чун шахсияти ҷабрдидаҳо, ки ҳангоми таркиш ҷони хеш аз даст дода буданд, муайян карда шуд, назарияи асосии теракт мақоми хеш аз даст дод ва санҷиши ҳодисаи мазкурро прокуратураи ноҳияи Сарчашма ба дўши хеш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё