Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса рафт, сардор бошад дар дафтари кориаш.
– Шумо гуфтед, ки ман ҳамагӣ ним соат пештар ба хона рафтам.
– Не, вале ў китоби рафту омади ҳайати шахсиро санҷида баромад, вақти рафтани шумо рафиқ полковник дар китоб дарҷ шуда.
Ҳотам Илёс дигар сухане ба забон наоварда, рост ба дафтари кории сардори милиса рафт.
– Ҳа, Илёсович ба ҳодисаи рухдода чӣ баҳо медиҳӣ? – баробари пой бар остонаи дафтари кории сардори раёсат гузоштан пурсид генерал.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, рафиқ генерал.
– Кадом «доное» аз прокуратура ҳодисаи мазкурро ба рўзноманигорон чун теракт арзёбӣ намудааст. Бубин, шахсияти ҷабрдидагонро то кунун муайян накарда, хулосаи хешро барои ВАО гуфта доданд.
– Ҳодиса худ ҳамин ҳолатро тақозо мекунад ва ба пиндори банда касе аз салоҳияти фаъолияти хеш берун набаромадааст.
– Ҳодиса мегўед, рафиқ полковник?
– Бале.
– Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад, вале то ҷойе ки банда иттилло дорам, дар пеши даҳони баъзе аз кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ кутал нест. Наход шахс рози дили хешро насанҷида ба ВАО кушояд.
– Гўед, ки ба ҳамин наздикиҳо ягон маротиба тавассути нақлиёти шаҳрӣ ба кор омадаед?
– Чӣ буд рафиқ генерал.
– Ҳа ё не?
– Ҳа, ман аксари вақт тавассути нақлиёти шаҳрӣ ба кор меояму аз кор меравам, – дурўғ гуфт Ҳотам Илёс.
– Модоме ки аз хизмати чунин нақлиёт шарафманд шудаед, албатта, дар истгоҳ назоратчи (контролёр)– ро дидаед?
– Бале.
– Аз вохўрӣ бо контролёр чӣ эҳсосе гирифтед?
– Ҳеҷ гуна эҳсосеро дарк накардаам.
– Ин хело бад аст, чунки милиса на бояд худбин, балки ҷаҳонбин бошад.
– Чиро дар назар доред?

пешина
аз 558
навбатӣ