Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Нисбат ба тартиб додани фотороботи қотил ман чизе гуфта наметавонам, вале ба фикрам ёфтани милисае, ки китфонашро се ситораи калон оро медиҳанд, аз рўйи ҳуҷҷатҳои шахсиаш, ки дар шуъбаи кадрҳо маҳфуз аст, осонтар аст.
– Ҷустуҷўйи чунин шахс тариқи ҳуҷҷатҳои кадрӣ гумонҳои зиёдеро ба амал оварданаш мумкин. Ба замми ин шинохтани он шахси соҳибрутба ҳанўз маънои онро надорад, ки вай гунаҳкор аст.
– Гунаҳкор набошад мо узр пурсида вайро сар медиҳем.
– Ин ҳам бар зарари худи мост.
– Чаро?
– Чунки шикасти аввалини мо ба манфиати худи вай хоҳад буд.
– Шуморо нафаҳмидам?
– Бе ному нишон гум шудани Ёсуман Набот, таркиши Сарвинози Зоҳир ва Насим Ёдгор худ гувоҳи он аст, ки шахсе ки мо ҳоло дар борааш андешаронӣ дорем дар, тамоми бахшҳои милиса чашму гўши худро дорад ва аҷаб нест, ки дар шуъбаи кадрҳо ҳам ўро ёваре набошад. Маҳз аз ҳамин рў ман гумон мекунам, ки агар дар ҳақиқат расми ў дар ҳуҷҷатҳои кадрӣ ҳам бошад ба гумон аст, ки ба асли ҳозираи вай монандӣ дошта бошад.
– Магар чунин шуданаш ҳам мумкин аст?
– Ҳама кор шуданаш мумкин аст. Шумо худ қазовот намоед гуфтугўи Гулбарг Амонро бо Сарвинози Зоҳир. Агар шахсе, ки мо дар борааш суҳбат дорем аз худ ва мансаби хеш боварӣ намедошт, магар метавонист ҷиноятеро чун таҷовуз ба номус пинҳон намояд. Агар ў аз худ боварӣ намедошт магар метавонист бадбахтии духтаракеро ба манфиати шахсии хеш истифода барад.
– Бигузор гуфти шумо шавад. Чун Асад Ғанӣ санҷиши мақолаи Маъруф Остонро ба зиммаи ман вогузоштааст, фардо ман бояд аз пайи ҳамон супориш шавам. Шумо бошед масъалаи тартиб додани фотороботро аз рўйи нишондодҳои шахсоне ки зикрашон дар боло рафт, саранҷом диҳед.
– Рафту агар онҳо занг зананд ва ё биёянд.
– Боварӣ ҳаст, ки то фардо онҳо аз худ дарак хоҳанд дод,– гўён муфаттиш аввалин шуда гўшакро ба ҷояш гузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо