Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Сорбони Ҳомид ҳам гўшакро ба ҷояш гузошта аз ҷой бархест.
Аз бинои милиса берун шуда, ў нияти ба ягон намуди нақлиёт савор шудан накард. Шамоли серуне, ки аз қибла бархоста буд, сару рўяшро сила мекард. Тамоми рўз байни чор девори бетонӣ, ки тариқи қувваи барқ гарм мешуд, нишастан осон набуд ва яку якбора аз ҳавои тоза нафас гирифтан ва рўйи хешро дар муқобили силлаи бод гирифтан барояш басе фараҳафзо буд. Ў дар ҳақиқат ба самти қибла ҳаракат дошт ва боди мусаффо ба сўйи вай меомад. Чашми ў ба само дўхта шуду офтобро дар ғуруб дид. Фасли зимистон ҳамин хел, дар тобистон шояд дар ҳамин соатҳо офтоб то ҳанўз дар қиём буд, вале дар зимистон баръакс ва моҳи декабр бо кўтоҳтарин рўзҳою дарозтарин шабҳо дар дили мардумон нақш баста аст.
Боди шомгоҳӣ, ки ин бегоҳ самти хешро аз тарафи офтобнишин ё худ қибла оғоз намуда буд, кайҳо мавҷи хаёлоти ўро рўшан намуд…
Аслан гап дар сари бод ҳам набуд, чунки дар адабиёти шифоҳии танҳо дар бораи абр ва қибла суханони маъмуле аз қабили «абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад» ё худ «шавҳар қиблаи зан аст» ва ё ташбеҳи калимаи падару модар ба «қиблагоҳ» дар забони мардум боқӣ монда. Бод ин ҳаракатест, ки на парвои бурҷ дораду не ўро самти муайяни бархостан аст, чун кўчманчӣ имрўз инҷову фардо кӣ медонад дар куҷо?
Сорбони Ҳомид сари субҳ аз хона то ба идора ба тарафи шарқ ё худ ба истиқболи офтоб ҳаракат мекард ва бегоҳиҳо аз идора то ба хона аз пушти офтоб қадам мезад ва паси даре аз он ҳазорон кулбаҳо дарро ба рўяш офтоби хонааш мекушод.
Шояд ҳамин офтоб буд, вагарна ў намедонист зулмати шабро чӣ тавр паси сар намояд.
Дар ин бегоҳи зимистон дар кўчаҳои шаҳр қадам зада истода буд, ки боди аз қибла бархеста мавҷи хайёлоти ўро то ба гузаштаҳои дур лапиш дод… Не, аслан ў ҳаргиз пеш аз ба кор рафтан гўш ба «Рози ситораҳо» намедиҳад, вале баъзе ҳолатҳо аз дидаву шунида дар ёдаш монда аст.
Соли гузашта дар рўзи аввали моҳи декабр ҳангоми баланд шудани фишори хун пойи бибиаш аз кор монд ва рўзи 6 – уми декабр падараш бибашро ба шаҳр овард, рўзи 7 – декабр бошад тариқи ҷарроҳӣ пойи рости ўро аз зону боло буриданд…

пешина
аз 558
навбатӣ