Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Чанд сол пеш замоне, ки ў ҳанўз дар мактаби миёна мехонд дар нимаи дуюми ҳамин моҳ додарчааш Туйчӣ аз олам даргузашт…
Дар хотироти падар омадааст, ки амакаш дар ҳафтаи аввали ҳамин моҳ ва амааш дар рўзи нуҳуми ҳамин моҳ ба беморхонаҳои шаҳрӣ афтида, муддати мадиде он ҷо хобидаанд, ки осори он бемориҳо то кунун айён аст… Ҳама гуна хотироти ў дар қиёс бо ҳодисаҳои ҳафтаи охир қариб ки ҳамранганд. Мардумони зиёде дар як ҳафта аз шавҳар, духтар ва ғайраву ва ҳоказоҳо ҷудо шуданд, магар ба ҳамаи ин моҳ гунаҳкор аст?
– Не, албатта, ин ҳама худ гардиши фалак аст ва зиндагӣ худ ҳидоятгари он. Мисли гуфтаи Хаёми бузург: – «Рафтанду равему боз оянду раванд».
Ў аз паҳлуи бинои баландошёнае ба тарафи рост тоб хўрду на танҳо аз бод, балки аз андешаҳои бе сару нуг ҳам сари хеш раҳо кард. Ба сардиии ҳаво нигоҳ накарда, дар саҳни ҳавлӣ писарбачаҳову духтаракони хурдсол ба бозӣ машғул буданд.
– Расул! Ҳо Расул! – хитоб кард духтараке.
– Ҳа, чӣ буд? – ба тарафи овоз нигариста пурсид Расул, ки то кунун пушт ба тарафи роҳ истода бо ду– се нафар бачаҳои ҳамсинну соли худаш сари кадом масъалае баҳс дошт.
– Бубин, дадот омаданд.
Расул ба тарафи роҳи калон нигариста, омадани падарро диду хайр ман рафтам гўён ба сўи ў шитофта, лаҳзае пас дастони нозукашро ба гардани падар, ки ба истиқболаш хам шуда буд ҳалқа кард…
Сорбони Ҳомид бо ҳамсоязан Ҳусноро салом дода аз зинаҳо ба боло ҳаракат кард. То кунун ў ба самти ғуруби офтоб ҳаракат дошт ва чун аз зинаҳо ба боло баромад самти ҳаракати хешро дар майдончаи ошёнаи дуюм тағир дода, боз рў ба тарафи шарқ шуд ва даст ба ҳалқаи дар бурд. Чун дар маҳкам буд, ў тугмачаи болои онро зер кард.
– Ман ҳозир,– шунид ў овози ҳамсарро.
– Тугмачаи қулфро ман зер намуда будам, – гуфт Расул ва боз чизе гуфтан мехост, ки модар дарро ба истиқболи онҳо кушод…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо