Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Камолу Шаҳноза падарро то санҷаи дар гусел намуда, ба ў хоби хушу шаби бофароғат таманно намуданд…
Ҳарчанд кори шаб хандаи рўз гуфтаанд, вале аъзоёни гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ баъди бозгашт аз ҷойи ҳодиса натавонистанд ин мақоли халқиро сармашқи кори хеш намоянд. Ба ин кор аҳли нишастро, ки дар ҳимояи қонун камар баста буданд на танҳо масъулияти вазифаи хизматӣ тақозо мекард, балки қарзи инсонӣ низ ҳидоят менамуд. Посе аз шаб гузашта бошад ҳам дар дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятии ноҳияи Сарчашма капитани милиса Сорбони Ҳомид чароғ фурўзон буд.
Суҳбат бо ҳама баҳсу мунозираҳо саҳнаи ҳазинеро пеши назар меовард, зеро ду нафар ҷони хешро аз даст дода буданд.
Маҳз рўҳи фавтидагон тақозо мекард, ки зиндаҳо андеша намоянду хунбаҳои онҳоро аз қотил ситонанд.
Баҳс дар асоси далелҳои шайъӣ, протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва нишондоди Самохина Екатерина Андреевна мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Аҳли нишаст дар ин шаби сарди зимистон нуқтаи назари ҳар кадомеро чун дифои рисолаи илмӣ бояд мешунид ва маҳз аз рўйи ҳамин баҳсу муно– зираҳо нақшаю чораҷўиҳои минбаъдаи фаврӣ ҷустуҷўиро тартиб медод…
…Ҳарду пораи қўрғошим, ки ҷисми ду нафарро шикофта ба зиндагии онҳо хотима гузошта буд, алоҳида – алоҳида дар даруни халтачаҳои селофанӣ гирифта шуда буд. Аз рўйи кунҷи ҷойгиршавӣ пораи қўрғошими аввала, ки аз байни девори лифт ва сутуни фўлодини он дар баландии як метру наваду ду сантиметр ёфта гирифта шуда буд, он тире буд, ки муҳофизро аз пой афтонда буд. Аз рўйи ҷойгиршавии кунҷи тир ва самти ҳаракати парвози он маълум буд, ки қотил нисбат ба сайдаш қади пасттар дорад. Шояд сабаби дар лифт дармондани он пораи қўрғошим он шуда буд, ки баъди шикофтани сари муҳофиз суръати хешро гум накарда буд аз рўйи инерсияи баланд ба ҷисми сахт бархўрда, шакли аввалаи хешро гум карда буд. Он чунон шакли хешро гум карда буд, ки бинанда агар аз натиҷаи кор огоҳӣ намедошт ва ё гилзаҳои холиро намеёфт, ҳаргиз гумон намекард, ки ҳамон пораи қўрғошими ёфташуда тир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё