Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд баъди ташхиси лабораторӣ онро тир эътироф мекарданд.
Пораи дигари қўрғошимро аз кунҷи рости фарши лифт дарёфтанд. Аз рўйи самти ҳаракати он ва ҳамчунин аз сурохии даромади тир ба сина ва роҳи баромади он аз пушти Розиқ Амон ба хулосае омаданд, ки ҷинояткор нисбат ба сайдаш баландтар будааст. Дар ҳақиқат мудири бонк аз қад дида дар бар тараққӣ карда буд. Ташхисгари тиббӣ – судӣ Акбари Диловар қади ўро як метру шасту панҷ сантиметр ва аз муҳофизашро як метру ҳаштоду шаш сантиметр нишон дод. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ба хулосае омадан мумкин буд, ки қади ҷинояткор на камтар аз 1,73см. – 1,76см. аст. Пораи аз фарш ёфтаи қўрғошим қариб, ки шакли аввалаи хешро нигоҳ медошт. Ба бахти ташхисгару тафтишгарон дар қисми рости пешдолон дар масофаи 18см. дур аз якдигар ду гилзаи холӣ низ ёфт шуда гирифта шуда буд. Ҳам гилза ва ҳам тири аз фарши лифт гирифташуда худ шаҳодат аз он медоданд, ки онҳо нўҳ миллиметраанд…
– Маълум, ки ҷинояткор аз тапончаи Макаров истифода бурдааст, – риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Асо Ҷўра.
– Аз куҷо фаҳмидӣ, ки аз Макаров тир холӣ намудаанд? – пурсид муфаттиш
– Охир тир– ку нуҳ миллиметра аст.
– Фаромўш насозед, ки дар «Моссад»2 ҳам аз тапончаи нуҳ миллиметра истифода мебаранд, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Чӣ хел аз тапончаи нуҳ миллиметра?
– Ҳамин хел оддӣ. Яҳудиён идораи ҷосусии хешро бо тапончаи «Джерихо 941» муҷаҳҳаз намуданд. Аслан ин бозёфти худи онҳо ҳам нест.
– Номи аҷиб бори аввал мешунавам, ки таппонча ҳам чунин ном доштааст ва модоме ки онро идораи ҷосуси Изроил истифода мебарад, пас чаро моли ў ё чӣ хеле ки шумо рафиқ капитан гуфтед бозёфти онҳо набудааст? – пурсид Қурбон Дўст.
– Гап дар сари он ки америкоиҳо аз рўйи «глок»–и белги шуда тамоман яроқҳои дар Европа истеҳсолшударо қобили қабул намепазиранд, вале аз чӣ бошад, ки фирмаи «Магнум Рисеч»–и америкоӣ конструктсияи яроқи наверо дар асоси тапончаи чехи С5–75 таҳия намуда, ба корпоратсияи «Индўстрияи милитарии Изроил» фурўхтааст.

пешина
аз 558
навбатӣ