Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шояд онҳое, ки қасд ба ҷони Розиқ Амон намудаанд,
матлаби сиёсӣ доранд, – пурсид Асо Ҷўра.
– Кӣ медонад? – гуфт муфаттиш ва аз ҷой бархест…

… 7 …

Маъруф Остон тобу тасбе ҳам надошт, вале шаб дар назараш дарозтар аз қарн намуд. Аз лаҳзаи ба фурудгоҳ омаданаш ин бори дуюм буд, ки парвози тайёраҳоро ба муҳлати се соатӣ бинобар вазъи бади боду ҳаво боздоштанд. Дар тамоми толор– ҳои фурудгоҳ мусофирони зиёде чун ў дар интизори сафар буданд. Дар ин шаби сарди аввали моҳи зимистон гўё замин кафидаву дар фурудгоҳ одам рехта буд. Ў ки болои курсии мулоиме менишаст, кулоҳашро болои чашмонаш фароварда буд ва ба қавле шахси дар хоб бударо мемонд. Шояд ў бо ин амалаш чашмони хешро аз рушноии барқӣ ҳифз кардан мехост ё сари хешро аз нигоҳи бегонае. Чун ў нафароне ки хоб дар чашмонаш ғолиб омада буду аллакай ғанабашон бурда кам набуданд, вале ўро хоб дар чашмонаш ҳам набуд. Рўзноманигор ҳам ахбори охиринро аз ТВТ тамошо кард, вале новобаста аз он ки дар бораи «корнамоиҳояш» хабаре нашунид, дилаш ором нашуд, ки нашуд. Кулоҳ дар болои чашмонаш бошад ҳам, вале ба суҳбати атрофиён диққат медод, то мабодо…
Не, касе дар бораи корномаи имшабаи ў хабаре ҳам надошт. Вале ў ному насаби чанд нафарро ки байни ҳам суҳбати самимӣ доштанд, нағз дар хотир гирифт, то дар лаҳзаи зарурӣ алиби хешро мустаҳкам намояд. Ҳанўз ҳангоми ба фурудгоҳ омадан мўйсафеде ба дасти ў баҳри писари дар Москва будааш хатчае фиристод. Ҳамон вақт ақрабаки соати калони болои толори фурудгоҳ 2005 дақиқаро нишон медод. Дар зарурият ў метавонад соатро 1905 дақиқа ҳам гўяд ва мўйсафед, ки аллакай ному насаб ва суроғааш ба ў маълум аст, наметавонад дар фурудгоҳ будани ўро инкор кунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дили Маъруф Остонро гургон тела мекарданд. Оҳ, ў чӣ қадар мехост, ки тезтар фурудгоҳро тарк намояд, ҳарчанд ҳангоми парвоз худро чандон хуб ҳис намекард. Вале ин дафъа розӣ буд, ки тезтар ба авҷи осмон барояду худро аз нигоҳи мардуми дар атрофаш буда раҳо созад. Бубин, як умр вай бо ҷинояткорон бо сухан даст ба гиребон буд ва худ чун пой бар рўйи қонун ниҳод фаҳмид, ки қонуншиканӣ чӣ будааст.

пешина
аз 558
навбатӣ