Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз пеши мағозаи молҳои омехта, ки Самохина сарварии онро ба дўш дорад, то назди биное, ки таваҷҷуҳи моро бедор кардааст, 200–250 метр ё ба тариқи дигар гўем панҷ – шаш дақиқа роҳ. Самохина ҳамин масофаро дар сенздаҳ – чордаҳ дақиқа тай намудааст ва ўро ҳам фаҳмидан мумкин. Чӣ хеле, ки худи Екатерина Андреевна гуфт вақтҳои охир хусусан дар рўзҳои намнок дарди тарбод ўро азоб медиҳад. Дар ҳамин муддат ў бар назди бинои манзили истиқоматиаш касеро надидааст ва акнун ба ҷуз ў мо он ду нафареро ки аз паҳлуи бино гузаштаанд, ёфтанамон даркор. Аҷаб нест, ки маҳз ҳамон ду нафар бо қотил рў ба рў нашуда бошанд. Самохина бо боварӣ гуфт, ки ҳангоми аз роҳ гузаштан дар қисми дуюми он нақши пойи ду нафар дар муқобили нақши туфлии ба тарафи автомашина рафта дидааст. Моро ба ҷуз ёфтани он ду нафар дигар чорае нест ва шумо рафиқ капитан (ў ба тарафи соҳиби дафтари корӣ ишора кард) аз сари субҳ аз пайи ҳамин кор шавед, – гуфт Фирдавси Ҳаким.
– Ба фикрам доираи фаъолияти Розиқ Амонро як бор санҷидан лозим, – гуфт сарнозири минтақавӣ Қурбон Дўст.
– Тарафҳои техникии корро ман ба дўши хеш мегирам, – гуфт муфаттиш.
– Ман чӣ кор бояд кунам? – пурсид Асо Ҷўра.
– Фардо ба прокуратура меоӣ ва то омаданат ман қарорро дар бораи гузаронидани ташхисҳои гуногун тайёр мекунам.
Далелҳои шайъии аз ҷой ҳодиса гирифташударо гирифта ба ЭКО мебаред. Кўшиш намудан лозим, ки ҷавоби онҳоро тезтар бигиред. Ҳа, дар воқеъ соати аз дасти Амон Розиқ гирифтшуда тамғаи «Лонжин» – и Швейсария мебошад. Кӣ гуфта метавонад, ки арзишаш чанд аст? – пурсид муфаттиш.
– Ба фикрам, на кам аз 8000, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ҳашт ҳазор сомонӣ? – пурсид муфаттиш.
– Ҳашт ҳазор доллар.
– Ҳарчанд дар ҷайби ў на зиёдтар аз саду бист сомоннӣ буд, вале маълум мешавад, ки кушторро ба мақсади роҳзанӣ инкор кардан лозим меояд, – гуфт муфаттиш.

пешина
аз 558
навбатӣ