Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ана, аробаи ман ҳам омад, – аз дил гузаронд мўйсафед ва бо бори асо аз ҷой бархоста, даст бардошт…

…2…

Ронанда аз дур ҳам бошад мусофирро дид. Фаҳмид, ки ў барҷомонда аст.
– Чӣ бояд кард? – аз дил гузаронд ў. Охир ман қасам хўрда будам, ки дигар ҳаргиз мусофиреро аз роҳ намегирам. Агар гузашта равам чӣ? Рафту имрўз дар ин роҳ автомашинаи дигар наояд? Шом шаваду вай дар ҳамин ҷо монад? Ҳодисаи нохуше бо ў рўх диҳад? Охир ҳама Бурҳони кал нестанд– ку? Наход аз рўйи вай шуда ман як умр дасти касеро нагирам? Агар ҷавон ё марди миёнсол мебуд, майлаш. Лекин пой бар лаби гўр мондагӣ барин менамояд. Ўро нагиру қандата хур! Ҳар кас кўрпачаро барои меҳмон не, балки баҳри худ меандозад. Худораҳматии бобоят Тоҷиддин Карим, ки дар Деҳбаланд олими замони худ буд ва дар адлу инсоф номаш то қофу қайсар расида, ҳамеша таъкид мекарданд, ки дар дил кина гирифтан ин хислати пасти инсонист. Агар тавонед бо бадон ҳам некӣ кунед, ин баробари он аст, ки бадро бо шакар куштед ва агар шири одам хурда бошад, хатои хешро хоҳад фаҳмид.
«Эй биё мон ин пири фартутро! Чӣ хотираи кўтоҳе доштаи ту. О фаромўш кардӣ, ки Бурҳони кал бо ту чӣ кард? Як мошин борашро бурдию се рўз дар маҳкама истодӣ. Гумон кардӣ, ки барои корҳои некат вай туро ҳамроҳ нагирифт? Се рўзе, ки ту дар милиса маҳкам будӣ, ў чӣ қадар ҳимоятчию маслиҳатдиҳанда ёфт. Ана, ҳамонҳо Кодекси ҷиноиро чандин бор хонда таҳлил намуданд ва ба хулосае омаданд, ки агар домони туро сар надиҳад, ҳарду сари хеш ба бод медиҳед. Яъне санксияи ҷазо барои ҷинояти дар танҳоӣ содиршуда пасттар аст аз ҷинояте, ки гурўҳҳи муташаккил ва ё бо маслиҳати пешакӣ содир мешавад. Мон ин пири фартутро бало ба пасаш».
Ана, ҳамин хел, дар роҳи калон баробари дидани Гул Набӣ дар дили ронандаи автомашинаи «Камаз» Тўйчӣ Ҷалол хайру шарр ба туғён омада ва ҳарду тараф дар алоҳидагӣ чун ҳимоячӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ бо далелҳои раднашаванда фикри худро собит кардан мехостанд.

пешина
аз 558
навбатӣ