Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Марҳамат, андеша намоед, ду рўз пас ман занг мезанам, – гўён Насим ба тарафи дар ҳаракат кард.
Аз пеши назари Маъруф симои писараш дур намешуд. Ё ёфтани маблағ ё ба тақдир тан додан, дар майнааш чарх мезад.
Боз фикр мекард, ки рафту дар ҳақиқат Насим дуруғ гуфта бошад? «Беҳтараш сухани ўро пазируфтан лозим, то рўзе нашаваду афсўс бар он хурам. Охир, бинед, ки касе ба дардам шарик шудан нахост. Мардум ҳама дар талоши пуланд. Тайёранд гулўи якдигар бидаранд. Мо хеле дер фаҳмидем, ки коммунизмро ноайён паси сар кардаем. Дар он замон табобат ва ёрии тиббӣ ройгон буд. Агар Собири ман даҳ – понздаҳ сол пеш таваллуд мешуд, эҳтимол мо хуни ҷигар намешудем. Ҳоло ҳама ба он замон санги маломат мепартоем, бехабар аз он ки дар он замонҳо қадри шоҳу гадо баробар буд. Чӣ хел мо тангназарем»,
– гуфт дар дил Маъруф Остон ва дар бораи ҳақиқати сотсиалистӣ латифаеро ба ёд овард.
…Драма – чӣ ҳаст, дар куҷое ҳаст, вале маълум нест бо кӣ…
– Фоҷиа – ҳаст чӣ, ҳаст бо кӣ, вале дар куҷо…
Маъруф Остон латифаи мазкурро ба ҳолати имрўза доштаи хеш ташбеҳ дода, зери лаб гуфт: – ҳаст чӣ, ҳаст кӣ, дар куҷое ҳаст, вале канӣ вақт…
Дар ҳақиқат, ўро вақти андеша набуд. Москва ҳам акнун он Москваи пештара нест, ки ба ҳоли кўдаки бечорае раҳм кунад. Ҳоло ҳамаро пул ҳал мекунад. Пул бошад дар даҳани савдогар ё оламе, ки пул баҳри онҳо ҳама чиз аст, ҳам ёру ҳам бародар.
Симои писараш ҳоло ҳам пеши назар, кўдаки бечора бо илтиҷо ба марди хилъати сафедпўш нигоҳ дорад, вале бехабар, ки замони раҳму шафқат кайҳо гузашт. Акнун замони шоҳу гадо омада. Боз ҳамон Рокфелеру Морганҳо сари қудрат ва онҳоро ба камбағале чун Собири Маъруф чӣ кор… Ҳама акнун ашрофзодаю дворянин шудагӣ. Нохост он марди хилъати сафедпўш ба тарафи Собири ў нигариста, бо забони канда – кандаи тоҷикӣ гуфт:
– Бача пул овардӣ?
– То ҳоло не духтурҷон, – бо овози ларзон гуфт кўдак.
– Денги есть милы мой.
Денги нет иди домой…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё