Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Охир худат медонӣ, ки чунин маблағро ёфтан ғайриимкон аст, – гуфт Маъруф Остон.
– Моро танҳо ду роҳ мондааст: ё ёфтани маблағ, ё ба тақдир тан додан, – гўён Ҷамила гўшакро ба ҷояш гузошт.
Маъруф Остон он бегоҳ сари қадам ба тарабхонаи «Бону»
даромад ва чунон нўшид, ки… Май дарду алами ўро паст накард, баръакс болои сўхта намакоб шуд. Чун маҷоли роҳ рафтан надошт, нафаре дасташ бигирифту аз он макон ўро берун бурд. Сипас, ба нафаре супориш дод, ки ўро то хонааш барад. Ронанда бо азобе ўро ба хонааш даровард.
Маъруф Остон гап мезаду гап. Ниҳоят ронанда ўро ором кунонида рафт. Субҳи рўзи дигар ронанда ба ҷойи кори Маъруф Остон занг зада, аз ҳолу аҳволи ў пурсон шуд ва ўро ба вохўрӣ даъват кард.
Маъруф Остон ин даъфа ба тарабхонаи «Бону» рафтанро рад кард ва ронандаеро ки дишаб дасташ гирифта буд, ба қаҳвахонаи «Зарнигор» даъват намуд…
Насим (ронанда худро чунин муаррифӣ намуд) гуфт, ки аз вазъи ў огоҳ аст ва агар анҷоми кореро ба дўш гирад, метавонад ҳисоб намояд, ки маблағи зарурӣ дар дасташ ҳаст.
– Чӣ хел? – сарфаҳми сухани мусоҳибаш нарафта пурсид Маъруф Остон.
– Ҳастанд нафароне, ки ба ивази коре метавонанд ҳамон маблағи заруриро ба дастат диҳанд…
– Шаст ҳазор доларро? – бовар накарда пурсид рўзноманигор.
– Бале.
– Барои ин ман бояд…
– Зиндагӣ ҳаминро талаб мекунад. Барои иҷрои ин кор талабгорон ҳам зиёданд, вале ман мехоҳам, ки ба фарзанди шумо ёрӣ диҳам. Баъди ду рўз ман худам занг мезанам, агар розӣ бошед ман дар ин бора ба шеф гуфтугў мекунам. Гуфтам, ки талабгорон бисёранд, вале…
– Яъне ки ба ивази ҷони писарбачаам ман бояд қасди ҷони дигаре намоям ҳамин хел?
– Ҳамин хел. Агар нахоҳед ихтиёратон, ман маҷбур намекунам, – гўён Насим аз ҷой бархест.
– Ман бояд фикр кунам.

пешина
аз 558
навбатӣ