Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Шояд ўро арх3 рехта буд, – аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид.
Муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ҳамон лаҳзаҳо ба азназаргузаронии ҷойи ҳодиса машғул буд ва аз Сорбони Ҳомид хоҳиш кард, ки бо ҳамсари маҳрум суҳбат намояд.
– Дар чунин вазъияте ки ў дорад (зани Розик Амон дар назар аст) суҳбат маъние надорад, – гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Набошад фардо субҳ сараввал ҳамин масъаларо дида сипас ба ҷустуҷўи он ду нафари аз паҳлуи бино гузашта шавед.
– Насиб, – гўён Сорбони Ҳомид боз аз пайи дарёфти шоҳидон шуд.
Дар анҷумане (вохўрии аъзоёни гурўҳи фаврӣ, ки баъди аз ҷойи ҳодиса омадан дар дафтари кории Сорбони Ҳомид баргузор шуд), ки ба ҳамин муносибат даъват шуда буд, касе ҳам сари ин масъала барнагашт. Соҳиби дафтари корӣ бошад коҳи куҳнаро бод кардан нахост. Акнун ўро лозим буд, ки боз ба он бинову он кулба равад ва бо он зани сангдил суҳбат намояд.
Чун зулмот оҳиста – оҳиста мавқеи хеш аз даст дод Сорбони Ҳомид бистарро тарк намуда, чароғи барқиро фурўзон кард.
Болишту бистарашро бо тартиб печонида болои ҷевон гузошт.
Сипас тирезаро кушода ба берун назар кард. Заминро дар зери кўрпаи барф дид. Дар осмон бошад абрҳо чун лашкари пароканда шино доштанд. Ҷо– ҷо дар фазои беканор ситораҳо ба чашм метофтанд. Субҳ медамид…
Ў аз дафтари кориаш берун шуда, аз зинаҳои ошёнаи дуюм ба поён фаромад ва аз дари эҳтиётии бино ба саҳни ҳавлии милиса баромад. Ҳарчанд барф кайҳо аз боридан монда бошад ҳам, вале сардии ҳаво ба мағзу устухон кора мекард. Чун саҳни ҳавлӣ ҳама дар зери барф буд, капитани милиса ин субҳ қариб ки ба тарбияи бадан машғул нашуда, бо оби зулол дасту рўяш– ро шуста боз вориди бино шуд.
Шояд қадаммониҳои ў оромии субҳгоҳӣ ва фароғати навбатдорро халалдор кард, ки ёрдамчии навбатдор аз макони хеш (ҳуҷраи қисми навбатдорӣ дар назар аст) берун омад…
– Ҳа ин шумоед рафиқ капитан, – чун гунаҳкор овоз рўшан кард сержанти милиса Замонов.
– Чӣ хеле ки мебинед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё