Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

«Қашқа» ки аз тарафи Бадахшон холӣ меомад чун автомашинаҳои сабукрав пардаи зулматро дарида, ба пеш ҳаракат дошт. Ронанда пайи ҳам сигор гиронида, бо дуди он шояд хобашро паронидан мехост. Оташи сигор баъзан торикии фазои кабинаро ба таври начандон зиёд рўшан мекард. Ҳамсафарон хомўш буданд. Ба назар мерасид, ки ба ҷуз ронанда ҳарду мусофири аз Сафедорон нишаста масти хобанд, вале дар асл ин хел набуд. Ҳарду мусофир сари андешаҳои хеш ғўтта мезаданд.
Галабон дар вартае худро дид, ки чун ин шаби тор охираш нонамоён. Ў ба рўшноии чароғҳои автомашина бодиққат зеҳн монда медид, ки чи тавр ҳамин рўшноӣ пардаи торикиро шикофта, баҳри ҳаракати автомашина роҳ мекушояд… Акнун ҳамааш ба худам вобаста. Чӣ хеле ки ин рафиқи милиса гуфт.
на дар ҳама ҳолат шахс имконияти пурра дорад, ки аз содиршавии ҷиноят рафта хабар диҳад. Умуман, ба кӣ ҳам хабар медодам. Ҳамаи маълумотро худи Самандари Сармад дастрас намуд, пас чаро ў худаш хабар надод. Хайрият, пинҳон кардани калидро ба зиммаи ман гузошт ва онро чанд соат пеш ман ба дасти ин милиса додам. Аҷиб будааст кори милиса дар ҳузури ҳамсояҳо маро пурсид, ки гап занам, ки кай дар куҷо ва чи тавр он калид ба дастам афтид. Ҳеҷ гумон надоштам, ки дар ин бора санад тартиб медиҳанду онро мо бо имзои хеш тасдиқ мекунем.
Ба фикрам ҳамааш нағз мешавад. Модоме, ки ронандаро дастгир карда бошанд, аз ду сар яроқро ҳам ёфтагистанд. Охир бо яроқи бетир касеро напарондаанд– ку. Афсўс, ки тирҳо дар айлоқ монданд. Не, не ман гуноҳе надорам, ҳар чи кардам аз рўйи зарурият, аз тарси Самандари Сармад кардам. Агар гуноҳе ҳам дошта бошам, на ба он дараҷае, ки маро ба маҳбас кашанд. Ман худам ба тафтишот ихтиёран ёрӣ дода истодаам ва чи хеле рафиқ майор гуфт ёрӣ додан ба тафтишот ҳолати са– буккунандаи гуноҳ аст. Он қадар гуноҳе ҳам надорам ва боз чун ҳолатҳои сабуккунандаро ба он зам кунанд, ман бе гуноҳ мебароям, бегуноҳ…
Маҳз бо ҳамин фикру андешаҳо ў ба зиндагии ояндаи хеш, ки чун ин шаби баҳорӣ торик буд, мисли чароғҳои автомашина, ки пардаи зулмотро дарида пеш мерафт, нур бахшидан мехост…
Абдумаҷидов бошад сари суҳбати имрўза, ки чунин ба осонӣ даст дод андеша намуда, сари супориши додаи хеш ба Ҳусейнов андеша намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор