Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои онҳо дигар фарқ надорад, ки тақдири Собир чӣ мешавад? Онҳо пул додаанд ва дар ивази он мехоҳанд рўзноманигоре, ки чандин сол ба муқобилашон мубориза бурдааст, даст ба ҷиноят занад. Не, ўро роҳи бозгашт нест, чунки ў пул надорад ва ба пул сахт муҳтоҷ аст. Чандин сол тариқи рўзномаҳо бо суханони сермурчу қаламфури хеш ба сари онҳое, ки соҳиби пуланд теғу табар кашид. Маълум ҳама суханони ў як пули пучак арзиш надоштанд. Бубин онҳое, ки пул доранд бо ў чӣ карданианд. Ўро хариданд ва акнун аз паси парда нишаста, ба рафтораш нигоҳ доранду ба аҳволаш механданд. Ҳамкори Маъруф Остон Ҳанифаи Муҳаммад, ки бисёр рўзноманигори варзида аст, баъзан ташвишу тарадудҳои ў ва муборизаи беамонашро бо ҷаҳони ҷиноӣ дида, нимҷиддию нимшўхӣ мегуфт.

Пул агар дар киса нестай, сайри бозорат ғалат,
Ҳар кӣ бе пул ошиқай бар холи рухсорат ғалат.
Ҳар кӣ пул дорад ба мақсад мерасад дар ҳар замон,
Мардаки бепулро рафтору гуфтораш ғалат…

Маъруф Остон, ки ҳамроҳи Ҳанифа дар як донишгоҳ таҳсил намуда буд ва аз таъби шоири доштаи Ҳанифа огоҳ буд, вақтҳои охир Ҳанифаро духтари Ҳоҷӣ мегуфт, чунки қиблагоҳи Ҳанифа соле пештар аз зиёрати хонаи Худо баргашта буд.
Дирўз вақте, ки ў ба истиқболи Насим баромад, нохост Ҳанифаро дид. Ҳарчанд шитоб дошт, лаҳзае истода гуфт:
– Духтари Ҳоҷӣ!
– Лаббай Маъруфҷон.
– Ҳамон шеъри мегуфтагӣ моли худат буд?
– Кадом шеър?
– Ҳо ҳамоне, ки дар бораи пул ҳаст– ку, доим чун калимаи бисмилоҳ такрораш мекунӣ?
– Не, ҳамон шеър моли ман нест. Такрор бошад ба ҳамон хотир аст, ки шумо Маъруфҷон ва язнамуллоятон бо замона ҳамқадам шавед.
– Яъне ки ту дар хона ҳам гўши язнамуллоро бо ҳамин сурудат кар кардаӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ